4.6 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

Вакилони Маҷлиси намояндагон масъалаи ворид намудани илова ба лоиҳаи қонун дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2022-ро баррасӣ намуданд

Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022»  ва лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Гулмуродзода, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Рустам Латифзода, Амонулло Хайрулло, вакилони мардумӣ Ғиёсиддин Ашурзода, Файзулло Баротзода, Даринг Раҳмонзода зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» иброз намуданд, ки санади мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Тибқи лоиҳаи қонуни зикргардида, воридоти маҳсулоти озуқа, нуриҳои минералӣ, сӯзишвории дизелӣ ва бензин аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 барои ташаккули захираҳои давлатӣ тибқи номгӯй ва дар ҳаҷми тасдиқнамудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.

Лоиҳаи Қонуни мазкур ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Зимни баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи иҷлосия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод ва вакилони Маҷлиси намояндагон Мавлуда Мирзозода, Солеҳа Холмуҳаммадзода, Комрон Исмоилиён таъкид намуданд, ки лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 ва бо мақсади амалӣ намудани банди 12 нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.

Лоиҳаи Кодекси мазкур аз 8 фасл, 18 боб ва 140 модда иборат буда, дар он ҳуқуқ ба манзил, муносибатҳо оид ба манзил ва иштирокчиёни он, фонди манзил, салоҳияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи манзил, идоракунии фонди манзил, пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар муносибатҳо дар соҳаи манзил танзим шудааст.

АКС: Маҷлиси намояндагон

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news