-1.5 C
Tajikistan
Friday, October 7, 2022

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ лоиҳа оид ба шуғли фосилавиро амалӣ менамояд

Миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Илмхона» қарордоди ҳамкорӣ дар соҳаи  «Импакт сорсинг» барои пешбарии лоиҳа оид ба шуғли фосилавӣ ба имзо расид.  Дар доираи ин барнома 750 нафар ба малакаҳои компютерӣ фаро гирифта мешаванд, ки он  ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ буда, барои фаъолият дар самти шуғли фосилавӣ аз асоситарин шарти кор маҳсуб мешавад, хабар доданд ба МД «Ҷаҳоннамо» дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.

Қарордоди мазкурро Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода ва директори Ташкилоти ҷамъиятии «Илмхона» Фаррух Умаров ба имзо расониданд.

Ширин Амонзода зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандон пайваста тадбирҳои муассир андешида, шуғли фосилавӣ яке аз роҳҳои муосир  барои таъминоти аҳолӣ ба ҷойи кори доимӣ мебошад.

«Шунавандагони ин лоиҳа, аслан шахсоне мебошанд, ки дар ҷустуҷӯи кори маҷозӣ — онлайнӣ ҳастанд ё мехоҳанд барои дастрасӣ доштан ба ҷойҳои кории маҳаллӣ малакаҳои худро такмил диҳанд. Курсҳои омўзишӣ бо дастгирии ЮНИСЕФ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, таҳсил дар ин курсҳо ройгон мебошанд»,-Вазир.

Иттилоъ дода шуд, ки  «Импакт сорсинг» як амалияи фарогири шуғлофарии муосир буда, бо мусоидати он ширкатҳо тавассути занҷираҳои глобалии таъминот шаҳрвандонро барои иҷрои кор кироя менамоянд ва аз тариқи воситаи электронӣ иҷрои кор сурат мегирад.

Ташкилоти ҷамъиятии «Илмхона» яке аз ҳамкорони Хазинаи кўдакони СММ (ЮНИСЕФ) буда, мақсади лоиҳаи мазкур таҳия ва ҷорӣ намудани шакли шуғли фосилавӣ барои ҷавонон мебошад.

Нафароне, ки хоҳиш доранд дар ин лоиҳа иштирок намоянд, метавонанд тавассути телефон ва ё почтаи электронӣ бо масъулони Ташкилоти ҷамъиятии «Илмхона» дар тамос бошанд.

Ёдовар мешавем,  ки модели шуғли фосилавӣ  барои ҷавонон  шакли нави ташкили шуғл (кор берун аз дафтари корӣ) буда, ба корманд имкон медиҳад, ки вазифаҳои меҳнатии худро берун аз иншооти корфармо бо истифода аз технологияи иттилоотӣ, тавассути Интернет дар реҷаи воқеӣ, новобаста аз реҷаи кор ва ҷои истиқомат иҷро намояд.

Ҳамчунин ташкили шуғли фосилавӣ дар муқоиса ба шуғли анъанавӣ барои корфармоён шароит фароҳам меорад, ки берун аз дафтари корӣ бо сарфи хароҷоти ками молиявӣ ва вақти корӣ фаъолияти иқтисодии худро ба сомон расонанд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

Latest news

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон соҳиби медали нуқра шуд

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон сазовори медали нуқра шуд. Чемпионати мазкур миёни собиқадорон 4 октябр...

Санаи баргузории бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 8-9 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд.

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик муайян шуданд

 Дирӯз дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо  оғоз мегардад.  Чемпионати  ҷаҳон оид ба...

Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия оид ба масоили ғизо густариш меёбад

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  ғизо»  Азизулло Шарипов аз Муассисаи давлатии...

Related news