7.1 C
Tajikistan
Monday, September 25, 2023

«БИЁ, БО ҲАМ БИХАНДЕМ!». Вазорати фарҳанг таҳти ин унвон Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигоронро баргузор менамояд

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ривоҷу равнақ додани фаъолияти гурўҳҳои ҳаҷвнигори шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, пайдо намудани чеҳраҳои нави ҳаҷвнигор, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба ҳазлу мутоиба, мусоидат дар фароғату оромиши шаҳрвандон Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигоронро  таҳти унвони «Биё, бо ҳам бихандем!» баргузор менамояд, Даври ниҳои он  30-31 март ва гулчини Фестивал 1 апрели соли 2022 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷўраев баргузор мешавад, хабар доданд ба МД «Ҷаҳоннамо» дар  Вазорати фарҳанги мамлакат.

Тибқи иттилои манбаъ, фестивали мазкур дар се давр баргузор гардида, масъулини раёсат, шуъба, бахшҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ даври аввали онро моҳи январ дар сатҳи маҳал баргузор намуда, 4 дастаи ҳунарии беҳтаринро ба даври дуюм бо протоколи ҳайати ҳакамон пешниҳод мекунанд. Даври дуюм моҳҳои феврал-март дар маркази минтақаҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуда, аз ҳар минтақа 1 дастаи ҳунарӣ ба даври ниҳоӣ роҳхат мегирад. Фестивал аз рўйи 7 номинатсия бо назардошти вақти муайяни давомнокӣ баргузор мегардад: Интермедия (то 4 дақиқа); Аскиягўӣ (то 5 дақиқа); Тақлидкорӣ (то 3 дақиқа); Латифагўӣ (то 8 дақиқа); Суруди ҳаҷвӣ (то 5 дақиқа);  Монологи ҳаҷвӣ (то 4 дақиқа) ва Саҳначаи ҳаҷвӣ (то 7 дақиқа).

Мавзӯъҳо бояд масъалаҳои доғи рўз ва таълиму тарбияи насли наврасро фаро гирифта, ҳазлҳо набояд сабуку коста бошанд. Шумораи аъзои дастаи ҳунарӣ то 10 нафар мебошад. Масъулини дастаҳои ҳунарӣ бояд пеш аз оғози чорабинӣ барнома ва рўйхати иштирокчиёнро ба ҳайати ҳакамон пешниҳод намоянд. Баҳогузорӣ аз 5 то 10 хол аст. Ҳамаи даврҳои Фестивал тавассути шабакаҳои телевизионӣ сабт ва инъикос карда мешаванд.

Дар Фестивал аз рўйи номинатсияҳо чунин мақомҳои ифтихорӣ муқаррар карда шудааст:»Беҳтарин интермедия»; «Беҳтарин аския»; «Беҳтарин тақлидкорӣ»; «Беҳтарин латифа»; «Беҳтарин суруди ҳаҷвӣ»; «Беҳтарин монологи ҳаҷвӣ»; «Беҳтарин саҳначаи ҳаҷвӣ» ва «Иштироки фаъолона».

Ҳамаи иштирокчиён бо Дипломи Барандаи Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон таҳти унвони «Биё, бо ҳам бихандем!» ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ мегарданд. Инчунин, аз ҷониби ҳамоҳангсозони Фестивал созмондиҳандагон, иштирокчиёни фаъол, кормандони васоити ахбори омма, муассисаву ташкилотҳо ва шахсони алоҳида тибқи дархост бо мукофоту туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла нишонҳои Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон, Ифтихорнома ва Сипоснома сарфароз мегарданд.

Дастгирии иттилоотии фестивалро  АМИТ «Ховар», Телевизиони Тоҷикистон, муассисаҳои давлатии телевизионҳои «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Синамо», «Душанбе», «Шаҳнавоз», рўзномаҳои «Баҳори Аҷам», «Мароми пойтахт», маҷаллаҳои «Тоҷикистон», «Истиқбол», «Хорпуштак», инчунин телевизиону радио ва матбуоти даврии маҳаллӣ ба уҳда доранд.

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Маттарелла...

Намояндаи Тоҷикистон дар Самарқанд бо нишони сарисинагии «Барои хизматҳо дар ҳамкории байналмилалии геологӣ» сарфароз гардонида шуд

Тавре қаблан хабар додем, 22 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф,...

Дар Ню-Йорк ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир шуд

 21 сентябр дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи...

Таъкидҳои муҳим аз суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба хотири таъмини сулҳ, амният, пешрафт...

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид чун...

Related news