-1.5 C
Tajikistan
Friday, October 7, 2022

«ҶОМИ РУШД-2021». Бозии аввалини футболбозони навраси тоҷик бо дастаи мунтахаби Молдова мусовӣ анҷом ёфт

 Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи    Тоҷикистон оид  ба футбол    дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Рушд-2022» дар  шаҳри  Мински Беларус бозии аввалинашро бо  дастаи мунтахаби  наврасони  Молдова бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом доданд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон. 

Дар ҳайати  дастаи мунтахаби  наврасони Тоҷикистон як голро Масрур Ғафуров ба нишон  расонид. Як голи дигарро молдовиҳо ба дарвозаи худ заданд. Футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов бозии навбатии худро дар Ҷоми Рушд-2022   9  феврал бо ҳамсолонашон аз Беларус анҷом медиҳанд. Бозӣ соати 17:40 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Минск даҳ даста ширкат мекунад, ки ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Хотиррасон мешавем, ки   дастаи мунтахаби наврасони  Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои  мунтахаби  наврасони «Беларус», «Қирғизистон», «Молдова»  ва   «Динамо-Минск» миёни  ҳам рақобат мекунад. Дар гурӯҳи «Б» дастаҳои мунтахаби  наврасони то 17-солаи  «Беларус»,  «Узбекистон»,   «Гурҷистон», «Исроил»  ва   «Минск»   байни ҳам мубориза мебаранд.

Дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ дар як давр миёни ҳам бозӣ мекунанд. Баъдан ғолибони гурӯҳҳо дар даври ниҳоӣ барои Ҷоми чемпионӣ ва дастаҳое, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ талош меварзанд. Дастаҳои боқимонда бо дарназардошти ҷойҳои ишғолкардаашон дар гурӯҳҳо дар бозиҳои плей-офф ширкат хоҳанд кард.

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2022»

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

Беларус (U-16) – Қирғизистон (U-16) – 4:1

Молдова (U-16) – «Динамо-Минск» (U-17) – 0:1

Даври 2-юм

Тоҷикистон (U-16) – Молдова (U-16) – 2:2

Голҳо: Масрур Ғафуров, 13 (1:0). Давид Стоянов, 57 (1:1). Сергей Перчун, 61 (1:2). Кирилл Тап, 68 – ба дарвозаи худ (2:2).

«Динамо-Минск» (U-17) – Беларусь (U-16) – 2:3

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т/Т И
1 Беларус (U-16) 2 2 0 0 7-3 6
2 «Динамо-Минск» (U-17) 2 1 0 1 3-3 3
3 Тоҷикистон (U-16) 1 0 1 0 2-2 1
4 Молдова (U-16) 2 0 1 1 2-3 1
5 Қирғизистон (U-16) 1 0 0 1 1-4 0

Гурӯҳи «Б»

Даври 1-ум

Исроил (U-17) – «Минск (U-17) – 5:0

Беларус (U-17) – Узбекистон (U-17) – 4:2

Даври 2-юм

Гурҷистон (U-17) – Исроил (U-17) – 0:3

«Минск» (U-17) – Беларус (U-17) – 0:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т/Т И
1 Исроил (U-17) 2 2 0 0 8-0 6
2 Беларус (U-17) 2 2 0 0 5-2 6
3 Гурҷистон (U-17) 1 0 0 1 0-3 0
4 Узбекистон (U-17) 1 0 0 1 2-4 0
5 «Минск» (U-17) 2 0 0 2 0-6 0

Тақвими бозиҳои боқимондаи мусобиқа:

Даври 3-юм

9 феврал 

13:00 – Қирғизистон (U-16) – «Динамо-Минск» (U-17)

15:20 – Узбекистон (U-17) – «Минск» (U-17)

17:40 – Беларус (U-16) – Тоҷикистон (U-16)

20:00 – Беларус (U-17) – Гурҷистон (U-17)

Даври 4-ум

10 феврал 

13:00 – Қирғизистон (U-16) – Молдова (U-16)

15:20 – Узбекистон (U-17) – Исроил (U-17)

17:40 – «Динамо-Минск» (U-17) – Тоҷикистон (U-16)

20:00 – Гурҷистон (U-17) – «Минск» (U-17)

Даври 5-ум

12 феврал 

13:00 – Тоҷикистон (U-16) – Қирғизистон (U-16)

15:20 – Гурҷистон (U-17) – Узбекистон (U-17)

17:40 – Молдова (U-16) – Беларус (U-16)

20:00 – Исроил (U-17) – Беларус (U-17)

13 феврал 

13:00 – Бозӣ барои ҷойи 9-ум

14:00 – Бозӣ барои ҷойи 7-ум

15:20 – Бозӣ барои ҷойи 5-ум

16:20 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм

18:40 – Финал

Ҳамаи  бозиҳо  ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

АКС: ФФТ

Latest news

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон соҳиби медали нуқра шуд

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон сазовори медали нуқра шуд. Чемпионати мазкур миёни собиқадорон 4 октябр...

Санаи баргузории бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 8-9 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд.

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик муайян шуданд

 Дирӯз дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо  оғоз мегардад.  Чемпионати  ҷаҳон оид ба...

Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия оид ба масоили ғизо густариш меёбад

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  ғизо»  Азизулло Шарипов аз Муассисаи давлатии...

Related news