4.7 C
Tajikistan
Saturday, June 10, 2023

Ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи сайёҳӣ тақвият меёбад

Тавсеаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар бахши сайёҳӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдон бо иштироки намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ба МД “Ҷаҳоннамо” дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, зимни мулоқот сафир миннатдории худро ба ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии таъсиси гурӯҳи корӣ бо мақсади пажӯҳиш, арзёбӣ ва коркарди Нақшаи амали Шӯрои иҷроия дар Маҷмаи Умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) изҳор намуд.

Инчунин зимни вохӯрӣ Сафири Арабистони Саудӣ дар Душанбе оид ба Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии сайёҳии Риёз, ки баргузории он моҳи майи соли 2022 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ ба нақша гирифта шудааст, маълумот дода, даъват ба амал овард, ки намояндагони соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори он иштирок варзанд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ оид ба имтиёзҳои роҳандозигардида аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар самти соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла раводид, имтиёзҳо барои сармоягузорон маълумот дода, зикр кард, ки соҳаи сайёҳӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Ҳумчунин дар вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба имзои санади ҳамкорӣ, ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва амалисозии лоиҳаҳои мақсаднок мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди ҲҶТ

Latest news

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб боздид намуданд

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни...

Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии...

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

 Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома...

Related news