-1 C
Tajikistan
Saturday, May 28, 2022

Рустами Эмомалӣ бо Фармондеҳи пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон мулоқот намуданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Фармондеҳи навтаъйини Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Геннадевич Ковилинро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд, иттилоъ доданд дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар оғози суҳбат Е.Г. Ковилинро ба муносибати Фармондеҳи Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданаш самимона табрик гуфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судманд миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо бештар ба мавзўоти такмили робитаҳо дар доираи муносибатҳои шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дахл карданд.

Таъкид гардид, ки тайи 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар ҳамкорӣ сатҳу уфуқҳои нав касб намуд.

Қисми бештари мулоқот ба масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо субъектҳои Федератсияи Русия дар соҳаҳои гуногун бахшида шуд.

Дар мулоқот Сафири Фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов иштирок дошт.

Мулоқот ба таври созанда ва дар фазои якдигарфаҳмии комил сурат гирифт.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Latest news

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагии «ТОҶ АГРО»-и деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шинос шуданд

 26 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии...

Пагоҳ дар Душанбе даври 4-уми машваратҳои бисёрҷонибаи котибони шӯроҳои амният оид ба масъалаи Афғонистон баргузор мегардад

27 май дар Душанбе даври 4-уми машваратҳои бисёрҷонибаи котибони шӯроҳои амният оид ба масъалаи Афғонистон доир мегардад. Дар ин бора ба АМИТ...

МУҲОКИМАИ ПАРЛУМОНӢ. Мавзӯи лоиҳаи идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ баррасӣ шуд

Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо ташаббуси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии деҳоти Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мулоқот намуданд

 26 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҳамчунин бо роҳбарону...

Related news