4.6 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

Роҳбари навтаъйини Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ба Душанбе омад

 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 7 феврал нусхаи эътимодномаи Намояндаи доимии навтаъйини Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Ленни Монтиелро қабул кард. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ниҳод табодули афкор намуданд. Мусоҳибон ба татбиқи лоиҳаҳо мутобиқ ба талаботи кишвар, инчунин дурнамои ҳамкории минбаъда дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар анҷоми мулоқот Вазири корҳои хориҷӣ аз сатҳи ҳамкории муштарак бо БРСММ изҳори қаноатмандӣ карда, ба мавсуф ҷиҳати пешбурди фаъолият дар соҳаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор комёбиҳо таманно намуд.

Маълумот:

Қаблан Ленни Монтиел ёвари Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иқтисодӣ дар департаменти масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буд. Қабл аз ин таъйинот 18 ноябри соли 2014 Монтиел ба сифати ёвари Котиби генералӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва рушд ифои вазифа менамуд.

Ленни Монтиел дар Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи рушд дорои таҷриба ва дониш васеъ мебошад. Вай бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҳамоҳангсози доимӣ дар Туркманистон ва мушовири калони техникӣ дар Ветнам ва Украина фаъолият кардааст. Монтиел дар Донишгоҳи Бирмингем таҳсил карда, дар он ҷо унвони доктори соҳаи сиёсати давлатӣ ва дар Институти хоҷагии халқи Беларус унвони магистранти иқтисодӣ  гирифтааст.

АКС: ВКХ ҶТ

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news