3.7 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон Виктор Денисенко мулоқот намуданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Александрович Денисенкоро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора ба МД “Ҷаҳоннамо” дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Рустами Эмомалӣ дар оғози суҳбат В.А. Денисенкоро ба муносибати Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданаш самимона табрик гуфтанд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз вазъи муносибатҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Беларус бо таваҷҷуҳ ба робитаҳои қавии сиёсӣ, иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангӣ, ки аз мулоқоти мунтазами сатҳи олии роҳбарони ду давлат сарчашма  мегиранд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Аснои мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рушди робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Беларусро дар сиғаи дуҷониба, инчунин дар доираи созмонҳои байниминтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ намуданд.

Дар баробари ин, зарурати муҳокимаи вазъ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷониба миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Ҷумҳурии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус, инчунин дар доираи меъёрҳои ҳуқуқиву қонунгузорӣ тақвият додани натиҷаҳои назарраси бадастовардаи шохаҳои ҳокимияти иҷроияи ду кишвар таъкид карда шуд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news