2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бинобар риоя нагардидани қонуни танзим шаҳрвандон ва муассисаҳо ба андозаи беш аз 3 миллион сомонӣ ҷарима баста шуданд

Аз сабаби  риоя нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва  ҷашну  маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли гузашта шаҳрвандони алоҳида ва муаасисаҳои гуногун ба  андозаи умумии беш аз 3 миллиону 96 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуданд, ки ин маблағ ба буҷети давлат интиқол дода шуд. Дар ин бора Раиси  Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода 8 феврал нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод.

Мавсуф афзуд, ки  бинобар риоя нагардидани яке аз қонунҳои миллии кишвар – Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну  маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»   тибқи омори пешниҳоднамудаи Суди Олии мамлакат, соли гузашта  беш аз 680 парвандаи маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки  дар қиёс ба соли 2020   72 адад зиёд мебошад.

Сулаймон Давлатзода зикр намуд, ки  аз  теъдоди умумии парвандаҳо 13 парванда қатъ карда шуда,  доир ба 668 ҳолат  қарори марбута бароварда шуд.

Тибқи  маълумоти  комиссияҳои  доимии танзими  анъана ва ҷашну маросим  ва ҷараёни баргузории маъракаҳо  дар маҷмӯъ дар соли сипаригардида  дар миқёси мамлакат 123 ҳазору 323  ҷашну маросим  барпо гардидааст, ки   нисбат ба соли 2020 зиёда аз  28 ҳазор адад зиёд мебошад.  Ҳамзамон  дар ин давра аз ҷониби комиссияҳои  доимии танзими анъана ва ҷашну маросим  дар маҷмӯъ зиёда аз 32 ҳазор   санҷиш гузаронида шудааст, ки   4593 адади он ба шаҳри Душанбе, 4619 адад ба вилояти Суғд,  9953 адад ба вилояти Хатлон, 12660 адад ба навоҳии тобеи марказ ва 673 адад ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  8 июни соли 2007 қабул шудааст. Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ ба баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии зиндагии сокинони мамлакат  нигаронида шудааст.

      АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news