5 C
Tajikistan
Monday, May 29, 2023

Дар Куала-Лумпур ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Малайзия дар бахшҳои фарҳангу сайёҳӣ баррасӣ гардид

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ 7 феврал бо Вазири сайёҳӣ, санъат ва фарҳанги Малайзия Ненси Шукрӣ мулоқот намуд. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Зимни мулоқот ҷонибҳо сатҳ ва дурнамои ҳамкориро миёни Тоҷикистон ва Малайзия дар бахшҳои фарҳангу сайёҳӣ баррасӣ карданд»,- таъкид намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.

Аҳамияти талошҳои муштарак ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ дар давраи пас аз пандемия, аз ҷумла баррасии имконияти баргузории ҳафтаҳои фарҳангӣ, рӯзҳои синамо, роҳандозии ҳамкорӣ миёни китобхонаҳои миллии ду кишвар ва чорабиниҳои марбут ба сайёҳӣ таъкид шуд.

Ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати густариши ҳамкорӣ ба нафъи ҳарду кишвар изҳор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки имсол ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Малайзия (11 марти соли 1992) 30 сол пур мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия имкони густариш ёфтанро доро буда, ду кишвар омодаанд уфуқҳои навро дар ин ҷода фатҳ кунанд. Дар ин робита моҳи июни соли 2012 ҷаноби Сри Лим Кок Винг бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси консули фахрӣ дар он кишвар таъйин гардид. Пояи шартномавию ҳуқуқии ду кишвари дӯст дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия дар бораи ҳамкории иқтисодӣ ва техникию илмӣ-амалӣ амалӣ мегардад.

Дар Куала-Лумпур Намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад, ки ин омили рушди муносибатҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ мебошад. Дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкории техникии Малайзия (MTCP) мутахассисони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон дар самтҳои мухталиф ба Малайзия даъват шуда, такмили ихтисос мекунанд.

Солҳои охир дар ш. Душанбе ва дигар манотиқи кишвар аз ҷониби Вазорати маорифи Малайзия ва ширкати “Exhibitions Promotion and Management Sdn.Bhd” (EXPAM) бо мақсади ҷалб намудани донишҷӯён ва такмили ҳамкорӣ дар соҳаи маориф миёни ду кишвари дӯст намоишгоҳҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд.

Имрӯз дар макотиби олии Малайзия шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, моҳи марти соли равон дар Малайзия Ҳафтаи кинои Тоҷикистон  баргузор мегардад.

Дар ин рӯзҳо дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия филмҳои ҳунарии «Рустам ва Суҳроб»-и коргардон Борис Кимягаров, «Муаллим»-и коргардон Носир Саидов, «Сафари ҳавоӣ»-и коргардон Далер Раҳматов ва филми тасвирии «Зани порсо» намоиш дода мешаванд.

Ҳадаф аз баргузории ҳафтаи кинои тоҷик тарғибу муарррифии фарҳангу санъат ва таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҷаҳониён ва шиносоӣ пайдо намудани сокинони Малайзия бо санъати кинои мардуми тамаддунсозамон мебошад.

АКС: ВКХ ҶТ

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news