4.7 C
Tajikistan
Saturday, June 10, 2023

COVID-19. Доир ба баррасии лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба коронавирус дар Тоҷикистон (TEC-19) вохӯрӣ доир гардид

Бо мақсади арзёбии самаранокии татбиқи лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба COVID-19 дар Тоҷикистон (TEC-19), пешниҳоди хулосаи объективӣ ва таҳияи тавсияҳо оид ба минбаъд беҳтар намудани сифати фаъолияти лоиҳаи мазкур вохӯрии намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дафтари Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба COVID-19 дар Тоҷикистон (ТЕС-19) бо намояндагони Маркази тадқиқотӣ-таҳлилии «Зеркало», ки ҳамчун мониторинги тарафи сеюм (МТС) ҷалб карда шудааст, баргузор гардид.

Тавре ба МД «Ҷаҳоннамо» дар Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд, мақсади вохӯрӣ- ин муҳокимаи натиҷаҳои бадастовардаи кории гурӯҳи мониторинги тарафи сеюм (МТС) ва ҳамчунин таъсиси Гурӯҳи кории муштарак мебошад, ки бояд бо иштироки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи ТЕС-19 ва «Зеркало» дар таҳияи минбаъдаи механизми фарогирӣ ва иртибот ба ҷомеа фаъолият барад ва вокунишро ба саволҳои муҳимтарини сокинон нисбат ба сирояти коронавирус пешниҳод намояд.

Иштирокчиён чораҳои минбаъдаи муштарак ва роҳҳои беҳтар кардани ҳамкорӣ бо мардуми кишварро дар мубориза бар зидди сирояти коронавирус баррасӣ карданд.

Дар айни замон веб-сайти covid.zerkalo.tj таъсис дода шудааст, ки дар он хабарҳо оид ба ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гурӯҳи татбиқи лоиҳа ва мониторинги сеюм ҷой дода мешаванд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Latest news

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб боздид намуданд

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни...

Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии...

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

 Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома...

Related news