0 C
Tajikistan
Friday, October 7, 2022

Сафири нави Подшоҳии Белгия дар Тоҷикистон ба Душанбе омад

 Имрӯз, 7 феврал, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Белгия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Нур-Султон) Анри Вантигемро қабул кард. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Белгия ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

Муовини Вазири корҳои хориҷӣ сафири Белгияро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.

Ёдовар мешавем, ки  муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Белгия 29 апрели 1992 барқарор шудаанд.

Соли 2001 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Брюссел ифтитоҳ гардид, ки он ҳамзамон ҳамчун Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо фаъолият мекунад. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия Эркинхон Раҳматуллозода мебошад.

Сафорати Подшоҳии Белгия дар Тоҷикистон дар ш. Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон қарор дорад.

Густариши минбаъдаи муносибатҳо бо Шоҳигарии Белгия ба сифати яке аз кишварҳои поягузори Иттиҳоди Аврупо ва мақарри ниҳодҳои асосии он барои Тоҷикистон аҳамият дорад.

Миёни кишварҳо инчунин ҷаласаҳои байнипарлумонӣ барпо мегарданд. Ҷаласаи нахустини Комиссияи ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо 14-16 марти соли 2011 дар Брюссел баргузор гардид, ки дар чаҳорчӯби он Ёддошти тафоҳум миёни парламентҳои Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия ба имзо расид.

Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Белгия дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат ба таври фаъол инкишоф меёбад.

Бояд гуфт, ки 12 октябри соли 2021 дар шаҳри Брюссел – пойтахти Подшоҳии Белгия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Белгия Аълоҳазрат Филипп мулоқот карданд.

Дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории неки дуҷонибаи судманд бо Белгия ва робитаҳои бисёрҷониба дар доираи Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардиданд.

АКС: ВКХ ҶТ

Latest news

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон соҳиби медали нуқра шуд

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон сазовори медали нуқра шуд. Чемпионати мазкур миёни собиқадорон 4 октябр...

Санаи баргузории бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 8-9 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд.

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик муайян шуданд

 Дирӯз дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо  оғоз мегардад.  Чемпионати  ҷаҳон оид ба...

Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия оид ба масоили ғизо густариш меёбад

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  ғизо»  Азизулло Шарипов аз Муассисаи давлатии...

Related news