5 C
Tajikistan
Monday, May 29, 2023

Дар Суғд ҳамкории муштарак дар соҳаи саноати сабук ва коркарди пахта миёни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд

5 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии ҶДММ «Пахтакор Голд Текстил»-и Ҷумҳурии Узбекистон Меҳриддин Юсупов мулоқот намуд, ки зимни он ҷонибҳо оид ба роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи саноати сабук ва коркарди пахта мубодилаи афкор намуданд.

«Тавассути сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкории дуҷонибаи давлатҳои дӯсту бародар тавсеа ёфта, робитаҳо дар бахшҳои мухталиф тақвият меёбанд. Аз ҷумла, дар соҳаи саноат низ ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, соҳибкорони тоҷику узбек то имрӯз аллакай чанд корхонаи муштарак фаъол намуданд»,- иброз намуд  Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот бо Меҳриддин Юсупов.

Мавсуф вобаста ба имконияти вилоят дар самти истеҳсолу коркарди пахта маълумот дода, изҳор дошт, ки ҷонибҳо метавонанд дар ин ҷода корҳои назаррас амалӣ созанд. Соҳибкорони узбек дар навбати худ доир ба фаъолияти корхонаи «Пахтакор Голд Текстил», ки яке аз корхонаҳои муваффақ аст, маълумот дода, омодагии худро барои амалисозии тарҳҳои муштарак баён доштанд.

Ёдовар мешавем, ки дар мулоқот Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир низ ҳузур дошт.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news