-3.2 C
Tajikistan
Thursday, September 28, 2023

«БАЗМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик ифтитоҳ ёфт

Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои тозаэҷоди рассомони маъруфи тоҷик – Далер  Миҳтоҷов, Эраҷ Олимов ва Баҳром Исматов бо номи «Базми рангҳо» ифтитоҳ гардид, ки то 25 феврал идома меёбад, иттилоъ доданд дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба МД «Ҷаҳоннамо».

Дар намоиш намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Муассисаи давлатии Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов, сафоратхонаҳои Корея, Ҳиндустон ва дигар дӯстдорони ҳунари рассомии кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллӣ Аҳлиддин Ибодуллозода зикр намуд, ки санъати тасвирӣ ва амалии халқи тоҷик таърихи хеле қадимӣ дошта, ҷузъи таркибӣ ва созандаи таъриху фарҳанги волои умумибашарӣ мебошад ва намоиши мазкур ҷиҳати муаррифии шоистаи он ташкил карда шуд.

Эҷодиёти ин мусаввирон дар рушди санъати тасвирии муосири тоҷик ҷойгоҳи махсус дошта, дар намоишгоҳҳои баланднуфузи сатҳи ҷаҳонӣ ширкат намудаанд. Дар намоиш зиёда аз 47 асари беҳтарини муаллифон баҳри ҳаводорони фарҳанг ва санъати тоҷик ба тамошо гузошта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки ин эҷодкорон дар сабкҳои мухталифи санъати мусаввирии тоҷик бо истифода аз услуб ва равияҳои гуногун асар офаридаанд. Мазмун ва сабки эҷодии асарҳои онҳоро муносибати хос ба таърихи гузашта, анъанаҳои миллӣ, ҳаёти деҳоти кишвар, рӯзгори мардуми одӣ, хусусан занону духтарон ташкил медиҳад. Дар аксари офаридаҳои онҳо бо

истифода аз услубҳои хоссаашон фаровонии ҳама рангҳо ва бештар рангҳои гармро мушоҳида кардан мумкин аст.

Бояд гуфт, ки офаридаҳои Далер Миҳтоҷов дорои сабку услуби ба худ хос ва мавзӯъҳои рангин буда, дар онҳо бештар инъикоси давраҳо ва ҳодисаҳои гуногуни таърихӣ дида мешавад. Асарҳои хеле ҷолиби ӯ дар ин самт таҳти унвони «Шоҳроҳи таърих» таълиф шудаанд, ки баргирифта аз деворнигораҳои «Панҷакенти қадим» мебошанд.

Эҷодиёти Эраҷ Олимов низ анъанаҳои хоси миллиро инъикос мекунад. Ӯ каҳрамонҳоро воқеӣ – тахайюлӣ тасвир мекунад. Ба ин восита ӯ моҳияти ботинии образҳоро нишон медиҳад.

Рассом базми рангҳоро дар мисоли базми мардумӣ – яъне хурсандӣ, шодиву нишот, фаровонии дастурхони мардум, ширкати хурду калон тасвир намудааст. Силсилаасарҳои ӯ таҳти унвони «Ранг ва нур» чеҳраҳои духтарони зебои тоҷикро бо меваҳои тару тоза тасвир намудаанд, ки рамзи зебоии зиндагӣ ва пайванди наслҳо мебошанд.

Мусаввараҳои Баҳром Исматов бо сабки ба худ хос ва рамзҳои зоҳирии гуногунрангӣ ифода шудаанд. Рассом инсонҳоро дар печутоби пурмуаммои зиндагӣ, хусусан чеҳраи занонро хеле пурасрор тасвир намудааст, ки намунаҳои он асарҳои «Занон бо фаранҷӣ» ва «Ҳарам» мебошанд.

АКСҲО: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Олмон рафтанд

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ...

Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалӣ дар Қатар иштирок намуд

 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар Конференсияи 12-уми байналмилалии «Ба сӯи навсозии амали фарҳангӣ дар ҷаҳони Ислом», ки 25-26 сентябр дар шаҳри...

Ҳамкорӣ байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ тақвият меёбад

 Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов бо роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ Макс Георг...

Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши сатҳи баланд оид ба навкунии низоми омор дар Латвия иштирок дорад

26 сентябр дар шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия ҳамоиши сатҳи баланд барои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ҳамсояи шарқии Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар...

Related news