Соли 2021 дар вилояти Хатлон 3 ҳазору 784,58 кг доруи пастсифат ва муҳлати истифодааш гузашта ошкор гардидааст. Дар ин бора аз Сарраёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Ба иттилои Сарраёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон, тамоми доруи пастсифат тавассути сӯзонидан нобуд карда шуд.
Арзиши ин мавод 47 ҳазору 726,6 сомониро ташкил додааст. Ҳамзамон нисбат ба соҳибкороне, ки ин маводи пастсифатро ворид намудаанд, чораҳои дахлдор дида шуданд.