Аз ҷониби мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент дар минтақаҳои кӯҳӣ ва ҷангалзор зимни гузаронидани корҳои биотехникӣ барои ҳайвоноти ваҳшӣ беш аз ду тонна ғизо гузошта шуд, ки аз 450 кг гандум, 400 кг ҷав, 550 кг сабус, 250 кг орди навъи сеюм, 200 кг намак, 45 бастаи алаф, 30 бастаи алафи беда, 350 нарма ва 50 кг намаксанг иборат мебошад.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки ин иқдом бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз сардиҳои фасли зимистон андешида шудааст.
Дар мавзеъҳои ҷангалзор ва кӯҳии Панҷакент намудҳои гуногуни ҳайвоноти ёбоӣ, ба монанди хуки ваҳшӣ, хирс, гург, рӯбоҳ, ҷайра ва дигар намуди парандаҳо сукунат доранд.

АКСҲО аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ