2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

COVID-19. Маркази иттилоотии зиддибуҳронӣ вобаста ба масъалаҳои пешгирӣ ва назорати сирояти коронавирус бо телефони 511 фаъол гардид

Имрӯз дар Пажӯҳишгоҳи тиббӣ-профилактикии Тоҷикистон «Маркази иттилоотии зиддибуҳронӣ вобаста ба масъалаҳои пешгирӣ ва назорати сирояти COVID-19»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо телефони боварии 511 ба фаъолият оғоз намуд, ки он бо таҷҳизоти замонавии иттилоотӣ, нуқтаҳои қабули зангҳои телефонӣ ҳам аз корбарони алоқаи мобилӣ ва ҳам аз пешниҳодкунандагони алоқаи телефонии маъмулии хаттӣ муҷаҳҳаз буда, бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ дар ду басти корӣ давоми 24 соат фаъолият менамояд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати тандурурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Дар маросими кушодашавии маркази мазкур Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок намуда, ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани хизматрасонӣ, риояи одоби муошират  бо муроҷиаткунандагон, дар вақти муайянгардида посух гардонидан ба саволи шаҳрвандон ва дигар масъалаҳо ба кормандони марказ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳадафи таъсиси марказ баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва дарки табақаҳои аҳолӣ дар мавриди хавфу оқибатҳои имконпазири пандемияи COVID-19 мебошад.

Марказ дар доираи маблағгузории «Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат бо вируси COVID-19 дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад,  фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Ҷиҳати расидан ба мақсадҳои муқарраргардида марказ вазифаҳои зеринро иҷро менамояд, аз ҷумла: гузаронидани машваратҳои маҷозӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба сирояти коронавирус COVID-19; оид ба нишонаҳои асосии беморӣ; риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, моҳият ва қоидаҳои пӯшидани ниқоби муҳофизатӣ, риояи масофаи байниякдигарӣ; иҷрои алгоритми амалҳо ҳангоми ошкор шудани аломатҳои сирояти COVID-19; ҳолатҳои дар хона мондан дар худмаҳдудкунӣ (карантин); макони ҷойгирӣ ва суроғаи ташхисгоҳҳои вирусологие, ки ба ташхиси занҷираи полимеразии (ПЦР) сирояти нави коронавирус COVID-19 машғуланд; пешниҳоди машварати равонӣ (психологӣ); табобат дар хона бо дарназардошти риояи қоидаҳои зиддиэпидемикӣ, пешгирӣ, табобат ва назорати сироят; инчунин, тамоми масъалаҳои вобаста ба он; пешниҳоди маълумот оид ба равонасозии шаҳрвандон ба муоинаи иловагӣ, ташхис ва табобат дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ; пешниҳоди маълумот оид ба моҳият ва зарурати иммунизатсияи аҳолӣ бар зидди сирояти нави коронавирус COVID-19 ва дигар масъалаҳои вобаста ба ваксинатсия.

АКСҲО: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news