-1.5 C
Tajikistan
Friday, October 7, 2022

Тоҷикистон ва Ҷопон 30-солагии барқарории муносибатҳои дипломатиро таҷлил мекунанд

Имрӯз, 2 феврал бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон муовини Вазири корҳои хориҷӣ Фарҳод Салим Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Тошиҳиро Аикиро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, масъалаҳои дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопонро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ намуданд.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон 2 феврали 1992 барқарор шудаанд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон 28 ноябри 2007 ифтитоҳ ёфтааст ва Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи 2002 кушода шуд. Ҳоло Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Мирзошариф Ҷалолов ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аикиро мебошанд.

Тавре каблан МД «Ҷаҳоннамо» хабар дода буд, имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷопон муҳтарам Фумио Кисида ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Сарвазири Ҷопон муҳтарам Фумио Кисида омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли хушнудӣ Шумо ва мардуми дӯсти Ҷопонро ба муносибати санаи муҳим дар таърихи муосири робитаҳои байнидавлатии кишварҳоямон – 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ самимона табрик мегӯям.

Мояи қаноатмандист, ки тайи ин давра муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар бемайлон густариш ёфта, имрӯзҳо бар асоси усулҳои пазируфташудаи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимоди якдигар дар марҳилаи таҳкиму тавсеаи худ қарор доранд.

Дар ин зимн мо саҳми назарраси Ҷопонро дар татбиқи лоиҳаҳои барои Тоҷикистон муҳим дар арсаҳои гуманитарӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ ва дигар соҳаҳои ҳамкорӣ баланд қадр мекунем.

Ба ин манзур мехоҳам фаъолияти самарабахши Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва натиҷаҳои арзишманди шарикии афзоишёбандаи кишварҳоямонро дар чорчӯбаи Муколамаи “Осиёи Марказӣ+Ҷопон” бахусус таъкид намоям.

Мо алоқаманди пешбурди минбаъдаи муносибатҳои неки Тоҷикистон ва Ҷопон дар ҳама самтҳои мавриди эҳтимоми тарафайн ҳастем ва ба ояндаи онҳо дидгоҳи мусбат дорем. Омодаем, ки баҳри ғанӣ гардонидани онҳо бо мазмуну мӯҳтавои нав дар оянда низ якҷоя тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоем.

Ба Шумо, ҷаноби Сарвазир, сиҳатмандии комил ва комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсти Ҷопон сулҳу субот ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзумандам».

Дар барқияи табрикии Сарвазири Ҷопон муҳтарам Фумио Кисида ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Табрикоти самимии маро ба муносибати 30-солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷопон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Аз замони барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ пас аз ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон байни кишварҳоямон муносибатҳои нек барқарор гардиданд. Мехоҳам изҳори умедворӣ намоям, ки ҷашнвораи соли ҷории 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ ба рушди минбаъдаи муносибатҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Мояи хушнудист, ки Ҷопон бо Тоҷикистон тавассути муколамаи доимӣ дар сатҳи баланд, аз қабили сафари Сарвазири Ҷопон Синзо Абэ ба Тоҷикистон дар соли 2015 ва сафарҳои чаҳоркаратаи Ҷаноби Олӣ ба Ҷопон, дар самтҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ, омодасозии кадрҳо ва суботи минтақа, аз ҷумла дар арсаи назорати сарҳадӣ пайваста ҳамкорӣ мекунад.

Дар назар аст, ки имсол дар чаҳорчӯбаи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» мулоқоти вазирони корҳои хориҷӣ баргузор мешавад. Мехоҳам изҳори умедворӣ намоям, ки рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи механизми мазкур идома хоҳад ёфт.

Иҷозат диҳед ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом ва дар коратон муваффақият, ба мардуми Тоҷикистон беҳбудӣ ва шукуфоӣ орзу намоям».

АКСҲО: ВКХ ҶТ

Latest news

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон соҳиби медали нуқра шуд

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон сазовори медали нуқра шуд. Чемпионати мазкур миёни собиқадорон 4 октябр...

Санаи баргузории бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 8-9 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд.

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик муайян шуданд

 Дирӯз дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо  оғоз мегардад.  Чемпионати  ҷаҳон оид ба...

Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия оид ба масоили ғизо густариш меёбад

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  ғизо»  Азизулло Шарипов аз Муассисаи давлатии...

Related news