0 C
Tajikistan
Friday, October 7, 2022

Соли 2021 дар Тоҷикистон беш аз 2000 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ошкор шуданд

Соли 2021 кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2088 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ, инчунин бо дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ содирнамудаи 1274 нафар шаҳрвандонро ошкор намуданд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода маълумот дод.

Дар идома директори Агентӣ зикр намуд, ки аз ин теъдод 885 адад ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомил мебошанд.

«Муфаттишони Агентӣ 860 парвандаи ҷиноятиро бо дарназардошти бақия ба пешбурд қабул намуда, тафтиши пешакии 658 адади онро нисбат ба 881 нафар ба анҷом расониданд», — тазаккур дод С. Султонзода.

Таъкид гардид, ки аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 1466 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии дорои хусусияти коррупсионӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон ба маблағи 1,7 миллион сомонӣ ҷарима татбиқ карда шуд.

Ҳамчунин бино ба иттилои директори Агентӣ, дар натиҷаи санҷишҳо, таҳқиқ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ҷиҳати бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва шароити ба онҳо мусоидаткунанда ба унвони вазорату идораҳо 2532 пешниҳод ва 1122 дастури хаттӣ ирсол гардида, бо баррасии онҳо нисбат ба 1164 нафар ҷазоҳои интизомӣ татбиқ карда шуд ва 396 нафар аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод гардиданд.

Latest news

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон соҳиби медали нуқра шуд

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон сазовори медали нуқра шуд. Чемпионати мазкур миёни собиқадорон 4 октябр...

Санаи баргузории бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 8-9 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд.

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик муайян шуданд

 Дирӯз дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо  оғоз мегардад.  Чемпионати  ҷаҳон оид ба...

Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия оид ба масоили ғизо густариш меёбад

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  ғизо»  Азизулло Шарипов аз Муассисаи давлатии...

Related news