2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Порсол дар Тоҷикистон беш аз 300 корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ ба истифода дода шуданд

Дар Тоҷикистон соли гузашта  новобаста ба пандемия беш аз сесад корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ ба истифода дода шуданд, ки дар онҳо зиёда аз панҷ ҳазору сад нафар  сокинони кишвар бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Аз  ҳама бештар корхонаю коргоҳҳо дар шимоли Тоҷикистон-вилояти Суғд- 124 адад, дар Хатлон- 86 адад, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ- 61 адад, шаҳри Душанбе- 26 адад ва дар Бадахшон 12 адад мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

Ин маълумотро Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир  имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба таваҷҷуҳи намояндагони расонаҳои хабарӣ дар Душанбе  расонида, илова намуд, ки аз сесаду нуҳ корхонаю коргоҳе, ки соли гузашта дар ҷумҳурӣ ба истифода дода шуданд, 90 ададашон дар соҳаи саноати сабук, 82 корхона дар соҳаи саноати хӯрокворӣ, 76 корхонаву коргоҳ дар соҳаи масолеҳи сохтмон,  42 корхонаю коргоҳ дар соҳаи мошинсозӣ ва чор корхона дар саноати ангишт фаъолият мебаранд.

Мавриди зикр аст, ки теъдоди корхонаю коргоҳҳое, ки соли гузашта бунёд гардидаанд, дар қиёс ба  як соли пеш  41 адад ва ҷойҳои корӣ  беш аз 1400 ҷой зиёд аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Парлумони мамлакат моҳи декабри соли гузашта солҳои 2022-2026-ро  Солҳои рушди саноат дар Тоҷикистон эълон намуданд. Дар иртибот ба ин, Вазири  саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иброз намуд, ки эълон  гардидани Солҳои рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар назди  саноатчиёни кишвар дар  самти  руши саноати мамлакат, ки яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, масъулияти бузург  мегузорад.

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news