4.6 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 100,7% таъмин гардид

Соли 2021 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 100,7% таъмин гардида, ба ҷойи 13 млрд. 621,2 млн. сомонӣ ба буҷети давлатӣ 13 млрд. 722 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 101 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Иҷрои сифати қисми даромади буҷети давлатӣ нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардида, дар ин давра фақат нақшаи андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард таъмин нагардид, баён дошт Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаи фаъолияти  Кумита дар  соли 2021.

Соли 2021 тибқи нақшаи тасдиқшуда ва дархостҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар фаъолияти зиёда аз 1400 шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида шуда, ба маблағи зиёда аз 1 млрд. сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор гардида, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби маблағҳои солҳои қаблӣ ошкоршуда, дар маҷмӯъ ба буҷет 850 миллион сомонӣ ворид карда шуд.

Бо мақсади ба танзим даровардани корҳои назоратӣ, банақшагирӣ ва гузаронидани санҷишҳо дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидор асосан тибқи системаи баҳисобгирии хавфҳо ба роҳ монда шуда, тартиби мазкур имконият фароҳам овардааст, ки маъмурикунонии андоз ва сифати гузаронидани корҳои назоратӣ, махсусан санҷишҳои андозӣ ва назоратҳои камералӣ беҳтар карда шавад.

Мутаассифона, новобаста аз фароҳам овардани шароити мусоид барои бақайдгирии субъектҳои хоҷагидор, рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ, ташкили рақамикунонӣ ва амалӣ намудани доду гирифти маълумот миёни вазорату идораҳо дар шакли электронӣ ҳоло ҳам аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор ба қонунвайронкуниҳо роҳ дода мешавад.

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news