Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаригардида 105 аризаи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро бо сабаби мухолифат доштан ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риоя накардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» рад намудааст. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён баён намуд.
Ба гуфтаи Вазири адлия, дар самти бақайдгирии ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар давраи ҳисоботӣ 431 ариза дар бораи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳо ва барҳамдиҳӣ ворид гардидааст.
Ҳамчунин зикр карда шуд, ки 122 иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва 16 филиали намояндагӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ҷараёни бақайдгирии барҳамдиҳии давлатиро гузашта, аз Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ хориҷ карда шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар 34 шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 ҳуқуқшиноси давлатӣ фаъолият доранд. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» ба 9110 шаҳрвандон машварати ҳуқуқӣ пешкаш гардидааст, ки 351 нафари онҳо маъюб мебошанд.
Ба иттилои Вазир, айни ҳол Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалисозии Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 пайваста фаъолият мекунад.