2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

БМТ: «Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА муътадил арзёбӣ гардида, устувории пули миллӣ нигоҳ дошта шуд»

«Қурби  расмии сомонӣ нисбат ба  доллари амрикоӣ ба санаи 31 декабри соли гузашта муътадил арзёбӣ гардида, устувории пули миллӣ — сомонӣ  нигоҳ дошта шуд ва беқурбшавӣ умуман  ба назар нарасид». Дар ин хусус Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқззода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Мавсуф афзуд, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар (ММД)  дар соли сипаригардида  бо арзиши номиналӣ ба  зиёда аз 98 миллиард  сомонӣ баробар  гардида, афзоиши  воқеии он  9,2 фоизро ташкил дод, ки рушди воқеӣ  нисбат ба соли қаблӣ 4,7 банди фоизӣ  зиёд мебошад.

Афзоиши ММД  аз ҳисоби истеҳсоли  маҳсулоти саноатӣ 22 фоиз, кишоварзӣ 6,6 фоиз, сохтмон 23, 3 фоиз, гардиши савдои чакана 12,7 фоиз  ва хизматрасониҳои пулӣ  7,9 фоиз таъмин гардид.

Ба андешаи Ҳоким Холиқзода, «сатҳи таваррум  соли гузашта дар доираи  нишондиҳандаи  якрақама ҷамъбаст гардида, 8,0 фоизро  ташкил намуд, ки ин дар доираи ҳадафи муқарраршудаи Бонки миллии Тоҷикистон қарор дорад ва асосан дар натиҷаи болоравии   нархи маҳсулоти  хӯрокворӣ  7,3 фоиз, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ  7,5 фоиз  ва арзиши хизматрасониҳои  пулӣ ба аҳолӣ 11,3 фоиз  ба амал омад. Ин нишондиҳанда  нисбат ба соли 2020  ба андозаи 1,4 банди фоизӣ  паст мебошад».

Бонки миллии  Тоҷикистон бо мақсади  нигоҳ доштани  сатҳи муътадили  нархҳо дар раванди  танзими ҳаҷми пул сиёсати мутавозуни  пулию қарзиро  тавассути  механизми  фишангҳои худ  барои маҳдуд  сохтани таъсири  омилҳои монетарӣ  ба нишондиҳандаҳои  макроиқтисодӣ  амалӣ намуда истодааст.

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news