-22.6 C
Tajikistan
Thursday, December 12, 2024

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-16) бо дастаи Булғористон бозии дуюми санҷишӣ анҷом дод

Дастаи мунтахаби ҷавонон оид ба футболи Тоҷикистон (U-16) ҷамъомади таълимиву тамриниро дар Туркия идома медиҳад. 31 январ шогирдони Зайниддин Раҳимов тамрини навбатии худро дар Анталия баргузор карданд. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар бозии сеюми санҷишӣ дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи миллии Булғористон, ки қаблан бо он мусовӣ (1:1) бозӣ карда буд, вохӯрд. Ин дафъа бозӣ бо ғалабаи футболбозони булғорӣ — 2:1 анҷом ёфт. Дар ҳайати дастаи мо як голро Муҳаммадҷони Сатторӣ, ки дар қисми дуюм ба ҳайси ивазкунанда ба майдон баромад, ба нишон расонд.

Бозии ниҳоии назоратӣ дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркияро дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-16) рӯзи панҷшанбеи 3 феврал бо дастаи миллии Мексика баргузор мекунад.

Мавриди зикр аст, ки пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталия дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-16) ба Беларус рафта, дар мусобиқаи 18-умини байналмилалии «Ҷоми рушд», ки аз 6 то 13 феврал дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ширкат мекунад. Дар мусобиқаи шаҳри Минск дастаи мо бо дастаҳои Қирғизистон 7 феврал, Беларус 9 феврал, Озарбойҷон 10 феврал ва Қазоқистон 12 феврал бозӣ мекунад.

Бозиҳои назоратии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-16) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Булғористон (U-16) 1:1

Гол дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон: Масрур Ғафуров.

29 январ (шанбе)

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Академияи Краснодар (U-16) 1:4

Гол дар ҳайати дастаи  мунтахаби Тоҷикистон: Масрур Ғафуров.

31 январ (душанбе)

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Булғористон (U-16) 1:2

Гол дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон: Муҳаммадҷони Сатторӣ.

3 феврал (панҷшанбе)

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Мексика (U-16)

АКС аз ФФТ

Latest news

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд

5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд

5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои Суди Олӣ бо кормандони мақомоти судии кишвар мулоқот...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд

Related news