0 C
Tajikistan
Friday, October 7, 2022

Қудрат Давлатзода: «Бунёди устохонаи Лу Бан дар Тоҷикистон бузургтарин дар минтақаи Осиёи Миёна хоҳад буд»

Дар соли сипаригардида дар заминаи ҳамкории судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин тасмим гирифта шуд, ки дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ устохонаи Лу Бан бунёд гардад, ки он дар минтақаи Осиёи Миёна аввалин устохонаи чунин сохт ба шумор меравад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Қудрат Давлатзода хабар дод.

Ба гуфтаи мавсуф, барои таъсиси ин устохона донишгоҳ тамоми кӯшишҳои худро ба харҷ дод, то он дар Тоҷикистон бунёд карда шевад.

«Бо тавсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мо тамоми воситаҳоро истифода бурда, шароит муҳайё намудем, то он дар ҷумҳурии мо ба истифода дода шавад. «Озмоишгоҳ -устохонаи мазкур дар доираи Ёддошти тафоҳуме, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чин 4 январи имсол ба имзо расида буд, асосан барои мутахассисоне, ки Донишгоҳи техникӣ дар самти сохтмон омода мекунад, нигаронида шудааст. Он дар наздиктарин муҳлат ба истифода дода шуда, дар самти омодасозии мутахассисони варзидаи соҳаи сохтмон нақши муассир хоҳад бозид»,-зикр намуд  Қудрат Давлатзода.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки ҷиҳати таҳия ва васеъ истифода намудани технологияҳои муосир дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди мамлакат Стратегияи миллии «зеҳни сунъӣ» таҳия ва татбиқ карда шавад. Бо таваҷҷуҳ ба дастури Пешвои миллат ва рушди бесобиқаи илму техника, дарёфт ва рушди малакаи зеҳнии донишҷӯёни лаёқатманд пешниҳод гардидааст, ки дар донишгоҳ Маркази зеҳнии сунъӣ таъсис дода шавад. Ба иттилои масъулин, корҳо дар ин самт ҷараён доранд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар рейтинги байналмилалии Вебометрикс Ренкинг оф Волд Юниверсити бо нишондиҳандаҳои баландтарин дар байни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи аввалро ишғол намуд. Дар арсаи ҷаҳон донишгоҳ мавқеи худро дар қиёс ба соли қаблӣ 3734 зина боло бурд.

Latest news

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон соҳиби медали нуқра шуд

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон сазовори медали нуқра шуд. Чемпионати мазкур миёни собиқадорон 4 октябр...

Санаи баргузории бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 8-9 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд.

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик муайян шуданд

 Дирӯз дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо  оғоз мегардад.  Чемпионати  ҷаҳон оид ба...

Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия оид ба масоили ғизо густариш меёбад

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  ғизо»  Азизулло Шарипов аз Муассисаи давлатии...

Related news