-1.5 C
Tajikistan
Friday, October 7, 2022

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархномаи хизматрасонии пулакии таълимии муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ барои соли таҳсили 2022-2023 тағйир намеёбад

Соли 2021 аз ҷониби Хадамот 138 адад нархномаҳои хизматрасониҳои пулакии муассисаву ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҷумла 49 муассисаи тиббӣ ва 89 муассисаи таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои илмӣ таҳлил ва ба мувофиқа расонида шуданд. Ин матлабро Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид  Муминзод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти соли 2021 баён дошт.

Абдулмаҷид  Муминзод иброз дошт, ки аз натиҷаи таҳлили нархномаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва бо мақсади дастгирии иҷтимоии донишҷӯён ва оилаҳои онҳо фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 3 ноябри соли 2021 ба тасвиб расидааст, ки тибқи он нархномаи хизматрасониҳои пулакии таълимии муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсили солҳои 2022-2023 бе тағйир (ба истиснои ихтисосҳое, ки нав ҷорӣ карда мешаванд) мононда шаванд.

Дар нишаст вобаста ба нархи маводи сӯзишворӣ сардори Раёсати танзими инҳисороти табиии Хадамот Ҳабиб Абдуллозода гуфт, ки аз аввали соли 2021 ҷараёни мониторинги бозори маводи сӯзишворӣ нишон дод, ки афзоиши нархи чаканаи сӯзишворӣ, аз ҷумла бензин, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад.

Соли 2021 ба ҷумҳурӣ 618,76 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла 345,1 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 242,4 ҳазор тонна бензин ба маблағи умумии 412,61 млн доллар ворид гардидааст. Асосан воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ аз Федератсияи Русия- 85,86 фоиз, Қазоқистон- 7,77 фоиз, Узбекистон- 2,57 фоиз, Туркманистон- 2,08 фоиз буда, боқимонда 1,72 фоиз ба дигар давлатҳо рост меояд.

Ҳабиб Абдуллозода иброз дошт, ки тибқи мониторинги доимии бозори молӣ, болоравии нархи воридотии сӯзишворӣ, аз ҷумла бензин, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ, инчунин фурӯши чаканаи онҳо дар соли 2021 бо назардошти баланд гардидани нархи як тоннаи он дар корхонаҳои коркард ва биржаҳои ҷаҳонию минтақавӣ ба мушоҳида расид.

Омилҳои таъсиррасон ба ин раванд афзоиш ёфтани арзиши як баррел нафт дар бозори ҷаҳонӣ нисбат ба соли 2020, афзудани талабот ба сӯзишворӣ ва аз фаъолият боз мондани бархе корхонаҳои бузурги истеҳсоли маҳсулоти нафтии мамлакатҳои содиркунанда ба ҳисоб мераванд.

Дар соли 2021 нархи маҳсулоти нафтии воридгардида ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гуногун буда, арзиши воридотии як тоннаи он аз 431 доллар то 1 456 долларро ташкил додааст.

Соли 2021 нархи миёнаи воридоти маҳсулоти нафтӣ 667 долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 ба андозаи 200 доллар афзоиш ёфтааст.

Вобаста ба нархи гази моеъ Ҳабиб Абдуллозода гуфт, ки нархи балантарини воридоти гази моеъ дар соли 2021 дар моҳи октябр буд, ки ба 726 доллар баробар гардида, нисбат ба моҳи январи ҳамин сол 273 доллар ё ба андозаи 60,26 фоиз боло рафтааст. Дар моҳҳои ноябр – декабри соли 2021 коҳиши нархи гази моеъ нисбат ба моҳи октябри ҳамин сол ба мушоҳида мерасад.

Инчунин дар нишаст зикр шуд, ки соли 2021 аз рӯи 294 санҷиши гузаронидашудаи нақшавӣ 5 млн сомонӣ аз ҳисоби вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ ошкор шуда, аз он 4,4 млн сомонӣ ба буҷети давлатӣ гузаронида шудааст.

Latest news

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон соҳиби медали нуқра шуд

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон сазовори медали нуқра шуд. Чемпионати мазкур миёни собиқадорон 4 октябр...

Санаи баргузории бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 8-9 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд.

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик муайян шуданд

 Дирӯз дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо  оғоз мегардад.  Чемпионати  ҷаҳон оид ба...

Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия оид ба масоили ғизо густариш меёбад

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  ғизо»  Азизулло Шарипов аз Муассисаи давлатии...

Related news