3.2 C
Tajikistan
Monday, May 29, 2023

Тоҷикистон то соли 2030 тавлиди барқро аз ҳисоби манбаҳои барқароршавандаи энергия ба 700 мегаватт расонданист

Соли сипаригардида Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифт, ки то соли 2030 700 мегаватт иқтидори тавлиди барқро аз ҳисоби манбаҳои барқароршавандаи энергия, махсусан офтобӣ ва бодӣ рушд диҳад. Дар ин бора 31 январ  Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи мавсуф, дар ин бора аллакай 3 лоиҳа дар марҳилаи асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ қарор доранд, ки 260 мегаваттро ташкил медиҳанд. Дар маҷмӯъ, соли сипаригардида истеҳсоли  неруи  барқ дар ҷумҳурӣ 20  млрд 624,6 млн. кВт-соатро ташкил дод, ки ин меъёр нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 853,8 млн кВт-соат зиёд буда, суръати афзоиш 104,3 фисад таъмин карда шуд.

Зикр карда шуд, ки дар ҳавзаи дарёи Зарафшон раванди таъсиси ҷамъияти саҳомии муштарак миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбекистон идома дорад. 10 июни соли сипаригардида миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон Созишнома доир ба таъсис додани ҷамъияти саҳомии муштарак, омодасозии арзёбии техникӣ-иқтисодии сохтмон ва истифодаи ду неругоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ба имзо расонида шуда буд, ки айни ҳол раванди таъсиси ҷамъияти саҳомӣ идома дорад.

Дар соли сипаригардида дар соҳаи электроэнергетикаи кишвар дар баробари вусъатбахшии корҳо дар бунёди НБО «Роғун» ҳамчунин 18 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16,6 млрд. сомонӣ татбиқ шуда истодаанд.

Дар ин давра татбиқи лоиҳаҳои таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ва лоиҳаҳои минтақавии CASA-1000 ва «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии ягонаи Осиёи Марказӣ» идома дода шуданд.

Дар маҷмӯъ маблағҳои дар ин давра барои рушди соҳа ҷалбгардида 100,0 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд, ки аз он 75,0 млн доллари ИМА грант ва 25,0 млн. долларашро маблағҳои қарзӣ ташкил медиҳанд.

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news