-1.5 C
Tajikistan
Friday, October 7, 2022

Ректори ДМТ: Аз 1 сентябр маоши кормандону омӯзгорони донишгоҳ 10 фоиз зиёд мегардад

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз оғози соли 2021 маоши кормандону омӯзгоронро дар ҳаҷми 10 % баланд намуд. Яъне дар баробари аз 1 июли соли 2022  зиёд шудани музди меҳнат дар ҳаҷми 20 фоиз,   илова бар ин, бо пешниҳоди ректори донишгоҳ шурӯъ аз 1 сентябри соли 2022 маоши омӯзгорон дар ҳаҷми 10 %-и дигар баланд бардошта мешавад. Ин нуктаро ректори донишгоҳи мазкур, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессорҚобилҷон Хушвақтзода 31 январ зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон баён дошт.

Зикр шуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар омода намудани кадрҳои илмӣ, илмӣ-педагогӣ ҳам барои донишгоҳ ва ҳам барои марказҳои илмии дигари дохилу хориҷи кишвар мусоидат менамояд. Аз ҷумла, соли гузашта 110 нафар аспирант, докторанти Ph.D ва унвонҷӯи донишгоҳ рисолаҳои номзадӣ ва 16 нафар рисолаи доктории худро дар шӯроҳои ватаниву байнидавлатӣ ҳимоя карданд.

Яке аз дастовардҳои донишгоҳ дар соли сипаришуда- ин ишғол намудани ҷойи 241-ум миёни 450 донишгоҳи беҳтарину пешрафтаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ мебошад, ки аз ҷониби  ширкати бонуфузи британиягии «Quacquarelli Symonds (QS)» — Раддабандии донишгоҳхои ҷаҳонӣ муайян карда шудааст.

Чунин дастовардҳо дар таърихи соҳибистиқлолии кишварамон дар доираи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии  ватанӣ  аввалин буда, бешак, муаррифи дастовардҳои таҳсилу илми тоҷик ва донишгоҳ дар  30 соли соҳибистиқлолии  Тоҷикистон  ммебошанд.

АКСҲО аз ДМТ

Latest news

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон соҳиби медали нуқра шуд

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон сазовори медали нуқра шуд. Чемпионати мазкур миёни собиқадорон 4 октябр...

Санаи баргузории бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 8-9 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд.

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик муайян шуданд

 Дирӯз дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо  оғоз мегардад.  Чемпионати  ҷаҳон оид ба...

Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия оид ба масоили ғизо густариш меёбад

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  ғизо»  Азизулло Шарипов аз Муассисаи давлатии...

Related news