4.6 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

Имсол бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад

1 сентябри соли равон бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷойгир аст, ба истифода дода мешавад, иттилоъ дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма.

Ба гуфти М. Гулзода, иншооти асосӣ аз се бинои 9 ва 4 ошёна иборат мебошад. Синфхонаҳои таълимӣ бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ таъмин мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 28 апрели соли 2017 барои бунёди бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино санги асос гузошта буданд.

Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳа ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки арзиши умумии сохтмони бинои асосӣ тибқи ҳисобҳои пешакӣ, 85 миллиону 416 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар бинои асосӣ бунёди толори маҷлисгоҳ бо 1000 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, синфхонаҳои таълимӣ, китобхона бо толори хониш ва толорҳои хурди дарсӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар ҳудуди иншоот инчунин сохтмони се бинои нави таълимӣ, ошхона бо 300 ҷойи нишаст, 4 бинои 12-ошёнаи хобгоҳ барои донишҷӯён, 2 бинои истиқоматӣ барои омӯзгорон, майдону толори варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, бинои озмоишгоҳ, майдони теннис, минтақаи хоҷагӣ ва боғ дар назар дошта шудааст. Инчунин дар қисми даромадгоҳи асосии донишгоҳ бунёди муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино пешбинӣ гардидааст.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ Маҳмадшоҳ Гулзода зикр намуд, ки  беҳтар намудани ташкили раванди таълим, назорат ва идоракунии он татбиқи идоракунии системавӣ ва мониторингиро, ки ба таври доимӣ такмилёбанда аст, тақозо менамояд. Низоми нави идоракунӣ дар  асоси принсипҳои системаи идоракунии сифат, стандарти байналмилалиии ИСО тартиб дода шудааст. ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино яке аз аввалинҳо шуда, миёни муассисаҳои таълимии кишвар татбиқи системаи менеҷменти сифатро дар асоси стандарти умумиҷаҳонии ИСО 901:2015   мавриди амал қарор дод.

«Шумораи муҳассилини хориҷӣ дар ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино дар ҳоли афзоиш буда, дар донишгоҳ 1951 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз 19 давлати дунё таҳсил доранд. Аз онҳо дар сатҳи дипломӣ 1910 нафар донишҷӯён, дар сатҳи баъдидипломӣ -зинаи магистратура, аспирантура, докторантура (PhD)  14 нафар, дар сатҳи баъдидипломии муолиҷавӣ — дар зинаи ординатураи клиникӣ — 19 ва дар Маркази омодагии қаблӣ — 8 нафарро ташкил медиҳад»,- афзуд Маҳмадшоҳ Гулзода.

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news