2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муроҷиати шаҳрвандонро ба таври электронӣ ба роҳ мемонад

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири фаъолияти самараноки шуъбаҳои умумӣ  дар дастгоҳи марказӣ, дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, намояндагиҳои он дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ  таҷҳизоти махсус (серверҳо) харидорӣ ва насб намуд, ки тавассути ин низом тартиби муроҷиати шаҳрвандон ба тариқи электронӣ роҳандозӣ мегардад, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.

31 январ барои кормандони шуъбаи умумии вазорат, мутахассисони Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва намояндагиҳои он дар вилоятҳо даври омӯзишӣ баргузор гардид. Зимни омӯзиш созандагони барнома, мутахассисони Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» ва мутахассисони хадамот оид ба роҳу усулҳои муроҷиат, дастрас намудани он ба мутахассисону масъулон дар сатҳи деҳот, шаҳру ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ  андешаҳои худро баён намуданд.

Ҳамчунин ба ин таҷҳизот хати  интернети оптикӣ гузаронида шудааст. Дар баробари ин, барои ин марказҳо таҷҳизоти компютерӣ харидорӣ ва насб карда шуд.

Дар самти амалишавии Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» яке аз фаъолияти пешбинишуда- ин ворид намудани системаи электронии муроҷиати шаҳрвандон мебошад. Ин механизм дар доираи рушди ҳукумати электронӣ бо назардошти  қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»  таҳия гардидааст.

Тавассути ин система тартиби муроҷиати шаҳрвандон ба тариқи электронӣ роҳандозӣ мегардад, ки ба  сарфаи вақт ва маводи  конселярӣ мусоидат мекунад. Бо дастрасӣ ба ин тартиб ҳамаи шаҳрвандони кишвар ва берун аз марзи Тоҷикистон қарордошта метавонанд тавассути почтаи электронӣ ва зангҳои телефонӣ бо дилхоҳ дархосту пешниҳод ва арзу шикоят ба муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат кунанд.

Лоиҳа дар доираи фаъолияти худ ҷалби мутахассисон ва дастгирии онҳоро барои амалисозии босамари механизми мазкур ба роҳ мондааст.

АКС аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news