6.2 C
Tajikistan
Saturday, June 10, 2023

АҲСАН! Давлат Болтаев чемпиони Осиё оид ба бокс шуд

29 январ варзишгари тоҷик Давлат Болтаев дар муҳорибаҳои финалии Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола дар финал бар варзишгари Қирғизистон Рустам Урурсбек уулу пирӯз шуд. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Аввалин Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон 22-29 январ доир гардид.

Дар финал 7 нафар узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон муҳориба карданд ва танҳо Давлат Болтаев дар вазни -92кг ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд.

Дигар варзишгаронамон — Сумайя Қосимова (48кг), Акбаралӣ Абдураҳмонзода (51кг), Абдумалик Болтаев (75кг), Некрӯз Салимов (80кг), Шаҳбоз Ҳаитов (86кг) ва Муҳаммад Аброриддинов (+92кг) аз ҳарифонашон шикаст хӯрда, сазовори медали нуқра шуданд.

Қаблан Малика Нозимова (63кг), Ҳусния Холова (52кг), Хусравхон Раҳимов (57кг) ва Расул Аҳадов (67кг) медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Ҳамин тариқ, аз 18 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола 11 нафар ба гирифтани медалҳо- 1 тилло, 6 нуқра, 4  биринҷӣ мушарраф шуданд.

Дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола 190 варзишгар аз 12 давлати қора иштирок доштанд.

АКСҲО: КМО Тоҷикистон

Latest news

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб боздид намуданд

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни...

Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии...

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

 Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома...

Related news