Дар асоси мувофиқаи бадастомада рӯзи 28 январи 2022 дар шаҳри Душанбе дар шакли маҷозӣ ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Чин оид ба сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни нишаст тарафҳо масъалаҳои марбут ба татбиқи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба низоми сарҳадӣ, азназаргузаронии сарҳади давлатӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди пандемияи COVID-19, интиқоли бор ва ҳамкорӣ дар самти назорати сарҳадиро муҳокима намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.
АКС: ВКХ ҶТ