-1.8 C
Tajikistan
Sunday, May 22, 2022

Дар Сеул муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Корея баррасӣ гардид

 27 январ дар Ассамблеяи милли Ҷумҳурии Корея мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Юсуф Шарифзода бо Раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Корея Чои Канг-вук баргузор гардид. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот вазъи феълии муносибатҳои ду кишвар ва таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, байнипарлумонӣ, иқтисодӣ, нақлиёт, фарҳангиву башарӣ ва дигар арсаҳо муҳокима шуданд.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Кореяро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шарики боэътимоди худ дониста, ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо он мутобиқ ба манфиатҳои муштарак аҳамияти хос дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 27 апрели 1992 барқарор карда шудаанд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея моҳи апрели соли 2015 ифтитоҳ ёфта, Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи Кордор соли 2008 ифтитоҳ ёфтааст. Ҳоло Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Юсуф Шарифзода мебошад.

Қаблан дипломатҳои Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба симати Кордор фаъолият мекарданд.

Квон Донг Сок нахустин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаст, ки 7 январи соли 2022 ба  муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим нусхаи эътимодномаи худро супорид.

АКС: ВКХ ҶТ

Latest news

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё мулоқот намуд

 17 май мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) Порнчай Данвиватана баргузор гардид....

«МАЛИКА: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ҲАМЕША». Ба ифтихори 80-солагии ситораи нотакрори балети тоҷик Малика Собирова барномаи фарҳангӣ доир мешавад

 21-22 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бахшида ба зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии СССР ва Тоҷикистон Малика Собирова...

Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал мавриди баррасӣ қарор гирифт

16 май вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо ҳайати миссияи Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба татбиқи...

Дар Котиботи СҲШ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» брифинг баргузор шуд

17 май бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал...

Related news