4.7 C
Tajikistan
Saturday, June 10, 2023

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС: Ҳафт варзишгари тоҷик барои медали тилло талош доранд

7 нафар варзишгари тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, барои ба даст овардани медали тилло талош доранд. Даври финалии Чемпионат 29 январ дар назар аст, иттилоъ медиҳад МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Дар муҳорибаҳои даври нимфинали Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, 4 варзишгари тоҷик медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар даври нимфинал миёни бонувон Сумайя Қосимова (-48кг) бе муҳориба пирӯз шуд. Ҳарифаш аз Ҷопон Ҳикару Като аз сабқат даст кашид. Варзишгарони дигарамон миёни бонувон – Малика Нозимова ва Ҳусния Холова аз ҳарифонашон шикаст хӯрда, сазовори медали биринҷӣ гардиданд.

Миёни мардҳо Акбаралӣ Абдураҳмонзода дар вазни -51кг, Абдумалик Болтаев  дар вазни -75кг, Некрӯз Салимов дар вазни 80кг ва Шаҳбоз Ҳайитов дар вазни 86кг барои ба даст овардани медали тилло талош мекунанд. Хусравхон Раҳимов дар вазни 57кг ва Расул Аҳадов дар вазни 67кг дар нимфинал мағлуб шуда, медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола 190 варзишгар аз 12 давлати қора иштирок доранд.

Муҳорибаҳои финалӣ бо иштироки намояндагони Тоҷикистон:

29 январ
48кг – Сумайя Қосимова – Фарзона Фозилова (Узбекистон)
51кг – Акбаралӣ Абдураҳмонзода – Муҳаммадқодир Мамирҷонов (Узбекистон)
75кг – Абдумалик Болтаев – Абдулазиз Абдупаттаев (Узбекистон)
80кг – Некрӯз Салимов – Ҷасурбек Юлдошев (Узбекистон)
86кг – Шаҳбоз Ҳаитов – Тимур Мирҷонов (Узбекистон)
92кг – Давлат Болтаев – Рустам Урусбек уулу (Қирғизистон)
+92кг – Муҳаммад Аброриддинов – Ҷаҳонгир Зокиров (Узбекистон)

АКС аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Latest news

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб боздид намуданд

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни...

Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии...

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

 Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома...

Related news