4.9 C
Tajikistan
Friday, October 7, 2022

Сомонаи расмии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ороиш ва услуби замонавӣ фаъол гардид

Бо мақсади роҳандозии тарғибу ташвиқи ғояҳои оинномавию барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ба таври густурда паҳн ва интишор намудани иттилооти ҳизбӣ, дар амал татбиқ намудани Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сомонаи расмии ҲХДТ бо ороиш ва услуби замонавӣ фаъол гардид, иттилоъ доданд аз маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ.

Минбаъд хонандагон метавонанд тавассути суроғаи http://hkhdt.tj/ аз навиди ҳизбӣ бохабар шаванд.

Ҳадаф аз фаъол намудани сомона дар тарҳи нав, қабл аз ҳама, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб бо истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, тақвият бахшидани сатҳи дастрасӣ ба иттилоот дар бораи фаъолияти ҳизб ба аъзо ва ҷонибдорони он ва ташаккули системаи ягонаи табодули иттилоотӣ бо истифода аз захираҳои иттилоотии электронӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 22 сентябри соли 2006 нахустин маротиба сомонаи расмии ҳизб бо номи «tribun.tj» ба фаъолият шурӯъ намуда буд. Баъдтар саҳифаи расмӣ номи «hamsafon.tj»-ро гирифт.

Сомонаи нав дар заминаи забони барномасозии муосир таҳия гардида, аз 15 бахш (рубрика) ва зербахшҳои гуногун мураттаб гардидааст. Аз ҷумла, бахши «Роҳбарият»аз 3 зергурӯҳ иборат буда, дар он шарҳи ҳоли Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муовини якуми раис Абдуҷаббор Азизӣ ва муовинони Раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода оварда шудааст.

Бахши «Дастгоҳи КИМ»ба хонанда маълумоти муфассалро дар бораи роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ, низомномаи дастгоҳи ҳизб, фаъолият, низомномаҳо ва шарҳи ҳоли роҳбари маркази матбуот ва таҳлилӣ, шуъбаҳои ташкилӣ ва кор бо кадрҳо, умумӣ ва корҳои махсус, таблиғот ва ташвиқот, занон ва масъалаҳои гендерӣ, кор бо ҷавонон, молия ва хоҷагидорӣ ва ҳуқуқшинос манзур менамояд.

Дар бахши «Сохторҳои маҳаллӣ» дарёфти иттилооти зарурӣ оид ба сохтор ва роҳбарияти кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи марказ имконпазир аст.

Бахши «Фраксия» хонандагони сомонаро бо фаъолияти Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарҳи ҳоли раис ва муовинони раиси Фраксияи ҳизб ошно менамояд.

Бахши «Қабулгоҳи ҷамъиятӣ» фарогири низомнома дар бораи фаъолияти қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ буда, ҷадвали навбатдорӣ ва қабули шаҳрвандонро аз ҷониби кормандони масъули дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар моҳҳои сол муқаррар менамояд.

«Санадҳо» фарогири 6 санади муҳим дар фаъолияти ҳизбӣ ҳастанд —  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», Оинномаи ҲХДТ, Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, Барномаи номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз ҲХДТ ва Одобномаи корманди ҲХДТ, ки омўзиш ва риояи ҳатмии онҳо вазифаи ҳар узви ҳизб маҳсуб мебошад.

Бахши «Комиссияи тафтишотӣ» фарогири низомнома ва рӯйхати раис ва аъзои комиссияи тафтишотии ҲХДТ аст. Комиссия сохтори таркибии ҳизб буда, барои назорати фаъолияти молиявии ташкилоти ҳизбӣ масъул мебошад.

Тавассути бахши «Тамос» хонандагон имкон доранд арзу шикоят ва таклифу пешниҳоди худро вобаста ба фаъолияти кумитаҳои иҷроия ирсол намоянд.

Бахши «Дар бораи мо» ба хонанда маълумоти муфассалро оид ба таърихи ҳизб, анҷуманҳои баргузоршуда, Маҷлиси КИМ ва Раёсати КИМ пешниҳод менамояд.

Бахши «Хабарҳо» фарогири навид ва набзи ҳизб аст. Дар бахши «Робитаҳои хориҷӣ» ҳамкории байналхалқии ҲХДТ муфассал матраҳ гардида, низомномаи шуъбаи муносибатҳои байналхалқӣ ва робита бо ташкилоти ҷамъиятии дастгоҳи КИМ ҲХДТ интишор шудааст. Инчунин роҷеъ ба фаъолияти пурсамари қабулгоҳи ҷамъиятии ҳизб дар Федератсияи Русия, ки аз соли 2016 амал мекунад, маълумот дода шуда, барои муроҷиати ҳамватанони бурунмарзӣ – аъзои ҳизб суроға, шумораи телефон ва почтаи электронии роҳбари қабулгоҳ зикр гардидааст.

Бахши «Минбари халқ» хонандаро бо таърихи сертиражтарин нашрияи Тоҷикистон – ҳафтаномаи марказии ҳизб ошно менамояд. Дар ҳамин ҷо низомномаи нашрия ва шарҳи ҳоли сармуҳаррири он зикр мешавад.

«Созандагони Ватан» аз бахшҳои дигари сомона буда, маълумоти васеъро оид ба ин ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ пешниҳод менамояд. Бояд гуфт, ки ташкилот соли 2011 таъсис ёфтааст. Ҷавонон аз ин бахш метавонанд оинномаи «Созандагони Ватан»-ро мутолиа намуда, бо роҳбарияти ташкилот ва аъзои Шўрои марказии он бевосита шинос гарданд.

Бахши «Мултимедиа» аз ду зергурӯҳ – суратҳо ва видеоҳо иборат аст. Тавассути он тамошои фаъолияти рӯзмарра ва густурдаи ҲХДТ аз аксҳо ва видеоҳои ҷолиб имконпазир мебошад.

Фаъол гардидани сомонаи расмии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақозои замон буда, барои аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар оғози соли нав пайки нек аст. Ба кор шурӯъ намудани саҳифаҳои русӣ ва англисии сомона низ дар назар дошта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз бонуфузтарин ҳизбҳои сиёсии кишвар буда, ҳудуди 505 ҳазор аъзо, 6463 ташкилоти ибтидоӣ ва 72 кумитаи иҷроия дорад. Аз шумораи умумии аъзои ҳизб 51% занон ва 34%-ро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ҷумҳурӣ феълан 670 нафар корманди ҳизбӣ фаъолияти пурсамар мебаранд.

Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ҳамаи алоқамандон ва аъзои фаъоли ҳизбро барои ҳамкорӣ бо сомонаи расмии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон даъват менамояд.

АКС: маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ

Latest news

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон соҳиби медали нуқра шуд

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон сазовори медали нуқра шуд. Чемпионати мазкур миёни собиқадорон 4 октябр...

Санаи баргузории бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 8-9 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд.

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик муайян шуданд

 Дирӯз дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо  оғоз мегардад.  Чемпионати  ҷаҳон оид ба...

Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия оид ба масоили ғизо густариш меёбад

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  ғизо»  Азизулло Шарипов аз Муассисаи давлатии...

Related news

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон соҳиби медали нуқра шуд

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон сазовори медали нуқра шуд. Чемпионати мазкур миёни собиқадорон 4 октябр...

Санаи баргузории бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 8-9 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд.

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик муайян шуданд

 Дирӯз дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо  оғоз мегардад.  Чемпионати  ҷаҳон оид ба...

Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия оид ба масоили ғизо густариш меёбад

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  ғизо»  Азизулло Шарипов аз Муассисаи давлатии...