4.6 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

САДА — МУЖДА АЗ ГАРМИЮ НУР. Ба ин муносибат дар Шаҳринав намоиш-фурӯши ниҳолҳо ва гулу буттаҳо ташкил гардид

27 январ дар гулбоғи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода дар ноҳияи Шаҳринав ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор шуд, ки дар он кишоварзон, ҳунармандон ва доираи васеи сокинон иштирок намуданд, хабар доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав.

Дар ҷашни Сада дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба маърази  намоиш гузошта шуданд. Дар ин радиф боғдорон гӯшаеро бо намудҳои зиёди ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ, гулу буттаҳои ҳархела ва тухмиҳои зироат ба намоиш гузошта, аз ҳосили фаровони сол мужда расониданд.

Дар гӯшаи дигар тамоми намудҳои техника ва мошинолоти кишоварзӣ гузошта шуданд. Ҷашни Сада омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ аст, дар ин замина воситаҳои техникии кишоварзӣ таъмир гардида, ба мавсими кишту кор омода карда мешаванд.

Аз тарафи ҳунармандон гӯшаҳои ҳунармандӣ, аз ҷумла оҳангарӣ, рассомӣ, пазандагию дӯзандагӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва  сайёҳӣ ба намоиш гузошта шуда, диққати ҳамагонро ҷалб намуданд.

Раиси ноҳия Ҷаббор Носирзода сокинони ноҳияро ба фарорасии ҷашни аҷдодии Сада самимона табрик гуфта, дар корҳои ободонӣ ва оғози мавсими нави фаъолият барору комёбиҳо орзу намуд.

8 нафар кишоварзони ноҳия барои хизматҳои арзанда дар рушду пешрафти соҳаи кишоварзӣ бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав сарфароз гардиданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия барномаи ҳунарӣ манзур намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Сада табиатан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонад. Оташи афрӯхтаи марди деҳқон бахшандаи нур ба чеҳраҳо ва  сурур ба қалбҳост.

АКС: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news