-1.8 C
Tajikistan
Sunday, May 22, 2022

Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон бо директори Агентии карантин ва ҳифзи растании Узбекистон вохӯрӣ намуд

27 январ дар Узбекистон зимни сафари корӣ раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода бо директори Агентии карантин ва ҳифзи растании Ҷумҳурии Узбекистон Иброҳим Эргашев вохӯрӣ намуд, хабар доданд аз Кумитаи бехатарии озуқаворӣ.

Дар мулоқот ҳамчунин Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, ки ҳайати Тоҷикистонро ҳамроҳӣ менамояд, иштирок намуда, ҷонибҳо доир ба истифодаи имконияти васеи ҳамкорӣ миёни ду мамлакат дар самти карантин ва ҳифзи растанӣ изҳори назар намуданд.

Зимни мулоқот ба ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти агентӣ, аз ҷумла фаъолияти лабораторияи муосир, лабораторияи сайёр, назорати инспекторон дар фурудгоҳу гузаргоҳҳои сарҳадӣ пешниҳод карда шуд.

Ҳамзамон тарафҳо омодагии хешро оид ба мубодилаи таҷриба дар самти барномаву системаҳои компютерӣ барои ҳифзи растанӣ, бозомӯзии мутахассисон, кумаки техникӣ ва ғайра иброз намуданд. Ҷониби Узбекистон ҳайати Тоҷикистонро барои иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба карантини растаниҳои давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Тошканд дар назар аст, даъват намуд.

АКСҲО: Кумитаи бехатарии озуқаворӣ

Latest news

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё мулоқот намуд

 17 май мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) Порнчай Данвиватана баргузор гардид....

«МАЛИКА: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ҲАМЕША». Ба ифтихори 80-солагии ситораи нотакрори балети тоҷик Малика Собирова барномаи фарҳангӣ доир мешавад

 21-22 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бахшида ба зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии СССР ва Тоҷикистон Малика Собирова...

Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал мавриди баррасӣ қарор гирифт

16 май вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо ҳайати миссияи Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба татбиқи...

Дар Котиботи СҲШ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» брифинг баргузор шуд

17 май бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал...

Related news