-1.8 C
Tajikistan
Sunday, May 22, 2022

Дар ҷаласаи ҲХДТ ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2021 ва вазифаҳо дар марҳилаи минбаъда баррасӣ шуданд

27 январ дар шаҳри Душанбе Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ҲХДТ дар соли 2021 ва вазифаҳои аввалиндараҷаи сохторҳои ҳизбӣ дар марҳилаи минбаъда ва якчанд масъалаҳои дигар мавриди  баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора аз маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа муовинони Раиси ҳизб, аъзои КИМ ҲХДТ, раиси Комиссияи марказии тафтишотии ҳизб, як гурӯҳ аъзои Ҳукумати кишвар, муовинони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раис ва аъзои Фраксияи ҳизб дар Парлумони кишвар, кормандони масъули Дастгоҳи марказии ҳизб, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва дигар фаъолони ҳизбӣ иштирок доштанд.

Муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ зикр кард, ки соли 2021 барои мардуми шарафманди кишвар соли муҳим ва таърихию хотирмон буд, зеро дар ин сол мо 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рӯҳияи бузурги ватандорӣ ва эҳсоси баланди меҳанпарварӣ таҷлил намудем. Дар раванди истиқлоли Ватан ва комил гардидани соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бевосита бо ташаббусу роҳнамоии маънавию ғоявии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ва ташаккул ёфтааст, хеле бузургу мондагор аст. Ташкилоти ҳизбӣ ҷиҳати татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ тадбирҳои назаррасро амалӣ гардонида, дар корҳои созандагӣ саҳмгузорӣ ва ба хотири баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ, ифтихор аз истиқлолу озодӣ ва ғояи давлати миллӣ корҳои ташвиқотиро дар миёни ҷомеа роҳандозӣ намуданд.

«Ҳизб бо иқдомҳои созандаи худ дар ҳифзи ваҳдати миллӣ, дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, манфиатҳои тамоми қишрҳои ҷомеа, амнияту оромии кишвар ва саломатии аҳолӣ нуфузу эътибор пайдо карда, ба ҳайси ҳизби пешсаф эътироф гардидааст», — иброз намуд А.Азизӣ.

Мавсуф афзуд, ки ҲХДТ дар шароити мушкили ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон ташаккул ёфта, бо саъю талошҳои пайвастаи Сарвари сиёсии худ дар роҳи бартарафсозии буҳрони шадиди иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, эҷоди низоми мукаммали давлатдории миллӣ, таъмини рушди муътадили тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар байни сокинони мамлакатамон сазовори эҳтирому арзёбии шоиста гардид. Аз ин рӯ, мардуми кишвар ҳамеша бо садоқат аз сиёсати ҳизб пуштибонӣ менамоянд ва дастгириҳои пайвастаи Роҳбари муаззами онро гиромӣ медорад.

Гуфта шуд, ки дар соли сипаригардида бандҳои Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мадди аввал тамоми самтҳои асосии фаъолияти ташкилоти ҳизбиро фаро гирифта, мавриди амал қарор дошт. Фаъолияти кумита ва ташкилоти ҳизбӣ дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб ба роҳ монда шуда, дар тарғиби дастовардҳои истиқлол ва сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, таблиғи ҳамешагии сиёсати бунёдкоронаю созандаи Пешвои миллат ҷойгоҳи муносиб дорад.

Абдуҷаббор Азизӣ ҳамзамон оид ба ташвиқу тарғиби Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ ва иштироки фаъолонаи аъзои Фраксияи ҲХДТ дар Парлумони кишвар ва Шӯрои собиқадорони ҳизб иттилоъ дода, дар бораи дигар чорабиниҳои баргузорнамудаи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣаз  ҷумла, бо мақсади иҷрои дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади қадрдонӣ ва гиромидошти 110 — солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода таҳти унвони «Мирзо Турсунзода – вассофи сулҳу дӯстӣ» баргузории конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-адабӣ ёдрас гардид.

Доир гардидани конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” бо иштироки доираи васеи олимону донишмандон ва коршиносон ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба аз иқдоми беназири Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақдими китоби “Тоҷикон” ба ҳар оилаи мамлакат аз чорабиниҳои хотирмони ҳизб дар соли гузашта мебошад, — афзуд А. Азизӣ.

Муовини якуми Раиси ҲХДТ иттилоъ дод, ки бо мақсади роҳандозии тарғибу ташвиқи ғояҳои оинномавию барномавии ҳизб, ба таври густурда паҳн ва интишор намудани иттилооти ҳизбӣ, иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, дар амал татбиқ намудани Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо фаъолияти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сомонаи расмии ҲХДТ бо ороиш ва услуби замонавӣ фаъол гардид.

Бояд гуфт, ки шумораи шумораи аъзои ҳизб ба ҳолати 1 январи  соли 2022 ба 504 ҳазору 900 нафар расида, аз онҳо занон – 51 фоиз ва ҷавонон 24 фоирро ташкил медиҳанд. Шумораи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ то 1 январи соли ҷорӣ ба 6463 адад расид.

Баъд аз суханронии муовини якуми Раиси ҳизб дар идомаи муҳокимаи масъалаи якуми маҷлис Иброҳим Мирзозода  — раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Зуфар Исмоилзода — раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Қиёмиддин Миралиён — раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Рустам Фелалиев — раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ, Обид Фозилов — Раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Ҳилолбӣ Қурбонзода — раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қобилҷон Хушвахтзода – аъзои КИМ, раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш”, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Хоналӣ Қурбонзода — раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”, ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маорифи Тоҷикистон сухан гуфтанд.

Аз рўйи ин масъала қарори маҷлис қабул карда шуд.

Ҳамин тариқ, дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис аз ҷониби аъзои КИМ пурра баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор низ қабул гардиданд.

Инчунин, дар мувофиқа бо Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мутобиқи банди 3.1-и Низомнома “Дар бораи сарфароз гардонидан бо Ифтихорнома ва Сипосномаи ҲХДТ” дар вазъияти тантанавӣ як гурӯҳ фаъолон бо Ифтихорнома ва Сипосномаи ҲХДТ қадршиносӣ гардиданд.

Инчунин аз ҳисоби Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” 10 нафар ҷавонон дар вазъияти тантанавӣ ба узвияти ҳизб пазируфта шуда, ба онҳо шаҳодатнома тақдим гардид.

Бо ҳамин, Маҷлиси КИМ ҲХДТ ба кори худ хотима бахшид.

 АКСҲО: маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ

Latest news

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё мулоқот намуд

 17 май мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) Порнчай Данвиватана баргузор гардид....

«МАЛИКА: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ҲАМЕША». Ба ифтихори 80-солагии ситораи нотакрори балети тоҷик Малика Собирова барномаи фарҳангӣ доир мешавад

 21-22 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бахшида ба зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии СССР ва Тоҷикистон Малика Собирова...

Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал мавриди баррасӣ қарор гирифт

16 май вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо ҳайати миссияи Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба татбиқи...

Дар Котиботи СҲШ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» брифинг баргузор шуд

17 май бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал...

Related news

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё мулоқот намуд

 17 май мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) Порнчай Данвиватана баргузор гардид....

«МАЛИКА: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ҲАМЕША». Ба ифтихори 80-солагии ситораи нотакрори балети тоҷик Малика Собирова барномаи фарҳангӣ доир мешавад

 21-22 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бахшида ба зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии СССР ва Тоҷикистон Малика Собирова...

Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал мавриди баррасӣ қарор гирифт

16 май вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо ҳайати миссияи Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба татбиқи...

Дар Котиботи СҲШ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» брифинг баргузор шуд

17 май бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал...