-1 C
Tajikistan
Saturday, May 28, 2022

Дар Маҷлиси намояндагон барои баланд бардоштани огоҳӣ оид ба зӯроварии ҷинсӣ ва гендерӣ машварат доир шуд

Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вакилони ин мақоми олии қонунбарор дар доираи татбиқи ташаббуси «Нури рӯшноӣ дар Тоҷикистон» ва Лигаи занони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Баланд бардоштани огоҳӣ ва ҳассосияти ҷонибҳои манфиатдори маҳаллӣ оид ба зӯроварии ҷинсӣ ва гендерӣ дар раванди таҳияи қонунгузорӣ ва муқаррарот оид ба баробарии гендерӣ ва вокуниш ба зӯроварӣ» машварат баргузор гардид.

Дар назди иштирокчиёни ҳамоиш раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон  Ҷамшед Муртазозода роҷеъ ба мавзӯи «Мафҳум ва мазмуни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Муқоисаи қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои байналмилалӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ» ва мушовири Кумитаи кор бо занон ва оила  Марҳабо Олимӣ дар мавзӯи «Ҳамкории байниидоравӣ ҳамчун асоси маҷмӯи пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон дар муносибатҳои оилавӣ: вазъ, ҳолат ва дурнамо», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030-санади дурнамои кишвар дар самти тақвияти ҳуқуқҳои занон» сухан гуфтанд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки мақсади чунин чорабиниҳо- аз байн бурдани ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон мебошад.

Аз ҷумла, Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023  бо мақсади пурзӯр намудани механизмҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус омилҳои зӯроварӣ дар оила, бақайдгирии огоҳкунии инфиродӣ оид ба масъалаҳои роҳ надодан ба ҳаракатҳои зиддиҷамъиятӣ, кирдорҳои ношоиста ва рафторҳои бадахлоқона дар оила, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи милитсия», Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба пешгирии зӯроварӣ дар оила равона гардидаанд, таҳия шудааст.

Мақсади стратегии ҳамкории тарафайн дар самти иҷрои барномаи мазкур ба таъмини татбиқи самараноки механизмҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила бо иштироки ҳамаи субъектҳои давлатӣ ва аҳли ҷомеа, қатъиян беҳтар гардонидани системаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи воқеии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳифзи меъёрҳои конститутсионӣ, таъмини пойдории оилаҳо, пешгирии зӯроварӣ дар онҳо нигаронида шудааст.

Барномаи мазкур баробарҳуқуқии мардону занонро дар ҳалли масоили оилавӣ, сарфи назар аз миллату нажод, ҷинс, забон ва эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, муҳофизат ва ҳавасманд кардани модарон, ғамхорӣ нисбат ба тарбияи фарзандон, таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, манъи бисёрникоҳӣ, ихтиёрӣ будани ақди никоҳ ва бекор намудани он, масъулияти мутақобила  дар масъалаҳои амволию маънавӣ ва ғамхории ҳамдигарии аъзои оиларо таъмин менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва иқдом намудан дар роҳи барпо намудани давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд кӯшишҳои худро барои пешбарии рушди баробар ва одилонаи ҷинсҳо тавассути мустаҳкам кардани заминаи қонунгузорӣ ва татбиқи сиёсати пайгирона, аз ҷумла дар самти сиёсати гендерӣ мунтазам тақвият мебахшад.

АКСҲО: МНМО ҶТ

Latest news

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагии «ТОҶ АГРО»-и деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шинос шуданд

 26 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии...

Пагоҳ дар Душанбе даври 4-уми машваратҳои бисёрҷонибаи котибони шӯроҳои амният оид ба масъалаи Афғонистон баргузор мегардад

27 май дар Душанбе даври 4-уми машваратҳои бисёрҷонибаи котибони шӯроҳои амният оид ба масъалаи Афғонистон доир мегардад. Дар ин бора ба АМИТ...

МУҲОКИМАИ ПАРЛУМОНӢ. Мавзӯи лоиҳаи идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ баррасӣ шуд

Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо ташаббуси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии деҳоти Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мулоқот намуданд

 26 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҳамчунин бо роҳбарону...

Related news