-10.1 C
Tajikistan
Saturday, December 2, 2023

ҲУШДОРИ КҲФ ВА МГ БА СОКИНОН: Дар рӯзҳои барфу боронӣ дар сафарҳо эҳтиёт намоед

Тибқи  маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон 28-29 январ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво поён рафта, борону барф меборад, дар баландкӯҳҳо (болотар аз 2000 м) барфи шадид дар назар дошта шудааст. Аз 29 то 31 январ дар баъзе ноҳияҳо туман фаромада, ҳаворо тира мекунад.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд, дар роҳҳои мошингарди Душанбе — Айнӣ — Хуҷанд, Душанбе — Сангвор, Ваҳдат – Рашт – Лахш – Қарамиқ, Ш. Шоҳин – Дарвоз, Ванҷ-  Хоруғ — Ишкошим, Хоруғ — Мурғоб ҳавои сард сабаби яхбандӣ мешавад, лағзиши тарма ва резиши санг низ эҳтимол дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои пешгирии садамаҳо дар роҳҳо аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки пеш аз сафар воситаҳои нақлиёти худро омода созанд, чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз кунанд. Тавсия дода мешавад, ки мошинҳои боркаш занҷирҳои зиддилағзиш дошта бошанд ва ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ меъёри суръат ва фосилаи муқарраршудаи ҳаракати байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.

Кумита тавсия медиҳад, ки ҳангоми чаронидани чорво дар минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ шароит ва вазъи ҳаво ҷиддан ба назар гирифта шавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ даъват менамояд, ки аз сафар ба маҳалҳои тармафароӣ худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.

Дар робита ба коҳиши пешбинишудаи ҳарорат ва бориш бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои мавсимии роҳҳои нафас Кумита аз аҳолӣ даъват ба амал меорад, ки мувофиқи мавсим либос пӯшанд, ниқобҳои муҳофизатӣ дошта бошанд ва қоидаҳои санитарию беҳдоштиро риоя намоянд. Волидон ва калонсолон бояд кӯдаконро зери назорат гиранд.

Дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ё техногенӣ ба телефонҳои 112 ё  93 880 28 19 занг занед.

АКС: КҲФ ва МГ

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуровро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

 14 ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров парда бардоштанд

14 ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи муҷассамаи...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатиро ба истифода доданд

14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров — шаҳраки...

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд оғоз гардид

Субҳи 14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодию...

Related news