-4.2 C
Tajikistan
Sunday, October 1, 2023

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки
миллии Тоҷикистон озод намудани Ёқубзода М.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ёқубзода Мирҳаёт Миробид аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2022
№327

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия
озод намудани Ғайратшо С.Қ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ғайратшо Соҳибназар Қаноатшо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия ва ҳамзамон аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Полша озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2022
№328

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи директори Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Зиёӣ Х.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Зиёӣ Хуршед Махшул бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2022
№329

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи рушди маҳали
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Қосим Р.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Қосим Роҳбар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2022
№330

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси
шаҳри Ваҳдат озод намудани
Амирзода Р. А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Амирзода Раҳмоналӣ Амир бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи раиси шаҳри Ваҳдат озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2022
№331

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси
шаҳри Роғун озод намудани
Сулаймонзода М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сулаймонзода Музаффар аз вазифаи раиси шаҳри Роғун озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2022
№332

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси
шаҳри Ҳисор озод намудани
Ҷумазода Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҷумазода Шарифҷон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Ҳисор озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2022
№333

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия
таъин намудани Сатторов И.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сатторов Имомуддин Мирзоевич Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2022
№334

МАЪЛУМОТНОМА

САТТОРОВ  Имомуддин Мирзоевич

аз 27 январи соли 2022 дар вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия кор мекунад

Соли таваллуд   соли 1964                              Ҷои таваллуд ноҳияи Бохтар

Миллат   тоҷик                                                     Маълумот     олӣ

соли 1986  Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносовро хатм кардааст

Ихтисос      сиёсатшинос, номзади илм

Кадом забонҳои хориҷиро медонад  русӣ, форсӣ, англисӣ, олмонӣ

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1981-1986 Донишҷӯи факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов
Солҳои 1986-1987 Ассистенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон
Солҳои 1987-1988 Таҷрибаомӯзи кафедраи пажӯҳишгоҳи иҷтимоӣ-сиёсии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов
Солҳои 1988-1991 Аспиранти кафедраи пажӯҳиши иҷтимоӣ ва сиёсии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов
Солҳои 1992-1993 Мудири шӯъбаи ҳафтаномаи «Бизнес Московские Новости»,  шаҳри Москва
Солҳои 1993-1995 Аспиранти Донишгоҳи Бонн, Ҷумҳурии Федеративии Олмон
Солҳои 1995-1999 Атташе, котиби дуюми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон
Солҳои 1999-2003 Котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон
Солҳои 2003-2007 Муовини раиси Бонки «Ориёнбонк», Сардори намояндагии Бонки «Ориёнбонк» дар Аврупо шаҳри Франкфурт
06-08 соли 2007 Сардори  Раёсати таҳлил ва татқиқоти стратегии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2007-2014 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия, ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чехия ва Полша
Солҳои 2014-2016 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия
Солҳои 2016-2021 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Арманистон(29 марти 2016)
аз январи соли2022 то имрӯз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои
иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
таъин намудани Гулмаҳмадзода Д.Қ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ҳамзамон Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2022
№335

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Усмонзода Х.У.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Усмонзода Хайриддин Усмон директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2022
№336

МАЪЛУМОТНОМА

УСМОНЗОДА Хайриддин Усмон

аз  27 январи соли 2022 дар мансаби директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

Соли таваллуд 15 сентябри соли1967           Ҷои таваллуд  ноҳияи Варзоб

Миллат  тоҷик                                                      Таҳсилот олӣ

Соли 1993  Донишгоҳи давлатии Латвияро (рӯзона)   хатм кардааст

Ихтисос  тарҷумони фанҳои ҷамъиятӣ

Унвони илмӣ  доктори илмҳои фалсафа, профессор

Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ ва олмонӣ

Ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  не

Вазъи оилавӣ  оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои  1988-1993 Донишҷӯи Донишгоҳи Латвия, шаҳри Рига
Солҳои  1993-1996 Ассисенти кафедраи Фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
Солҳои  1996-2000 Омӯзгори калони кафедраи Фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
Солҳои  2000- 2005 Дотсенти кафедраи Фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
Солҳои 2000- 2005 Мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
Солҳои 2005-2017 Професори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
Солҳои 2017-2020 Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»
Солҳои 2020-2022 Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи раиси Кумитаи рушди маҳали назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ҷумазода Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ҷумазода Шарифҷон раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2022
№337

МАЪЛУМОТНОМА

ҶУМАЗОДА Шарифҷон

аз 27 январи соли 2022  дар вазифаи раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

Соли таваллуд   26 августи соли 1982   Ҷои таваллуд шаҳри Хуҷанд

Миллат     тоҷик                                             Маълумот олӣ

соли 2004 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати

Тоҷикистонро    хатм кардааст

Ихтисос    иқтисодчӣ-менеҷер

Кадом забонҳои хориҷиро медонад       русӣ, англисӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ аст ё не       не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не        не

Кор вафаъолиятисобиқа:

Солҳои 2004-2005 Мутахассиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2005-2007 Сармутахассиси шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2007-2010 Сармутахассиси шӯъбаи назорати дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
04 соли 2010 Иҷрокунандаи мансаби мудири шӯъбаи ташкилии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2010-2011 Мудири шӯъбаи ташкилии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
04-09 соли 2011 Муовини роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
09-10  соли 2011 Иҷрокунандаи мансаби роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2011-2013 Роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2013-2014 Мудири Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2014-2016 Мудири Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
02-06 Соли 2016 И.в. Раиси ноҳияи Ҳисор
Солҳои 2016-2022 Раиси шаҳри Ҳисор

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси шаҳри Ваҳдат таъин намудани
Исмоилзода М.И.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Исмоилзода Мирзо Иброҳим иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ваҳдат таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2022
№338

МАЪЛУМОТНОМА

ИСМОИЛЗОДА Мирзо Иброҳим

аз 27 январи соли 2022  дар мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ваҳдат кор мекунад

Соли таваллуд     11 марти соли 1967         Ҷои таваллуд        шаҳри Кӯлоб

Миллат          тоҷик                                      Таҳсилот           олӣ

Соли 1991 Институти политехникии Тоҷикистонро хатм кардааст

Ихтисос      инженер – электрик

Кадом забонҳои хориҷиро медонад             русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не             не

Вазъи оилавӣ               оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1983 – 1984 Барқчии гурӯҳи якуми озмоишгоҳи истеҳсолии Шабакаҳои барқии Кӯлоб
Солҳои 1984 – 1985 Донишҷӯи Институти политехникии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1985 – 1987 Хизмат дар сафи Қувваҳои Муссалаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ, Латвия
Солҳои 1987 – 1991 Донишҷӯи Институти политехникии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1991 – 1995 Муҳандиси умури хадамоти дифои релегӣ ва автоматикаи Шабакаҳои барқии Кӯлоб
Солҳои 1995 – 1998 Нозири барқи Энергоинспектсияи Энергонадзори гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб
Солҳои 1998 – 2002 Муовини Раиси фирмаи таъмиру сохтмони «Барқ», шаҳри Кӯлоб
Солҳои 2002 – 2008 Сармуҳандиси Муассисаи фурӯши барқи минтақаи Қурғонтеппа
Солҳои  2008-2014 Директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқии Кӯлоб» -и Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»
Солҳои 2014-2015 Директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе»
Солҳои 2015-2022 Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси шаҳри Роғун таъин намудани
Саидзода С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Саидзода Сунъатулло иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Роғун таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2022
№339

МАЪЛУМОТНОМА 

САИДЗОДА СУНЪАТУЛЛО

аз 27 январи соли 2022 дар мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Роғун кор мекунад.

Соли таваллуд: 26 марти соли1967Ҷои таваллуд: ноҳияи Данғара

Миллат: тоҷик                                               Таҳсилот: Олӣ

Соли 1991 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро  хатм кардааст.

Ихтисос: муҳандис  — механик

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не

Вазъи оилавӣ: оиладор

Кор ва фаъоляити собиқа:

Солҳои 1984 – 1991 Донишҷӯи факултети механикунонии хаҷагии қишлоқи Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.
Солҳои 1986 – 1988 Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ
Солҳои 1991 – 1992 Таъмирчии парки трактории хоҷагии советии ба номи В.И. Ленини ноҳияи Данғара
Солҳои 1992 – 1993 Мудири амбори қисмҳои эҳтиётии Хоҷагии советии ба  номи В.И. Ленини ноҳияи Данғара
Солҳои 1993 – 1999 Мудири амбори сӯзишвории Хоҷагии советии ба номи В.И. Ленини ноҳияи Данғара
Солҳои 1999 – 2002 Мудири амбори марказии №1 – и Хоҷагии советии ба номи В.И. Ленини ноҳияи Данғара
Солҳои 2002-2004 Муҳандиси соҳавии Хоҷагии советии ба номи  В.И. Ленини ноҳияи Данғара
Солҳои 2004 — 2005 Молшиноси Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Континенталкоттон»
Соли 2005-(02-12) Муҳосиби қитъаи пахтақабулкунии хоҷагии деҳқонии ба номи Лангари Лангариевичи ноҳияи Восеъ
Солҳои 2006 – 2010 Муовини директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Бахт – 82»
Соли  2010 (07-10) Мутахассиси дараҷаи якуми Шӯъбаи робитаҳои хориҷӣ ва такмили КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»
Солҳои 2010 – 2015 Муҳандиси пешбарии Шӯъбаи робитаҳои иқтисодии  хориҷӣ ва такмили КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»
Солҳои 2015-2019 Сардори Шӯъбаи робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва такмили КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»
Солҳои 2019-2020 мудири бахши истифодабарии техникӣ, таъмир ва хизматрасонии коммуналии раёсати хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон
Солҳои 2020-2022 муовини сардори раёсати хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси шаҳри Ҳисор таъин намудани
Қосим Р.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Қосим Роҳбар иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
27 январи соли 2022
№340

МАЪЛУМОТНОМА

ҚОСИМ Роҳбар        

аз 27 январи соли 2022 дар вазифаи  иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор  кор мекунад

Соли таваллуд 3 октябри соли 1964     Ҷои таваллуд ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Миллат     тоҷик                                            Маълумот          олӣ

соли 1986 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм кардааст

Ихтисосаш  агроном-олим

Кадом забонҳои хориҷиро медонад       русӣ, ӯзбекӣ

Вакили халқ ҳаст ё не  не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – соли 1999 бо ордени «Дустӣ», соли 2002 Медали ҷашнии 10 солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II, соли 2011 медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон»

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1981-1986 Донишҷӯи Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1986-1989 Агрономи колхози «40-солагии Октябр»-и ноҳияи Хуҷанд
Солҳои 1989-1991 Котиби дуюми комитети комсомоли ноҳияи Хуҷанд
Солҳои 1991-1992 Мудири шӯъбаи ташкилии комитети комсомоли вилояти Ленинобод, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 1992-1994 Раиси Шӯрои ташкилоти вилоятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 1994-1996 Раиси ноҳияи Хуҷанд
Солҳои 1996-2006 Раиси вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2006-2008 Раиси комиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
01-03 соли 2008 Вазири кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2008-2013 Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2013-2015 Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2015-2022 Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Latest news

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон анҷом ёфт

30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Федеративии...

Фонди рушди Қатар омодагии худро ҷиҳати маблағгузории лоҳаҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикисстон баён намуд

 29 сентябр дар ҳошияи ҷаласаи  чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории тиҷоратӣ,  иқтисодӣ ва илмию техникӣ Вазири рушди иқтисод...

Дар Тоҷикистон барои тавсеаи заминаи содирот ва афзоиши муомилоти молу маҳсулот дар бахши агросаноатӣ имконияти бузург мавҷуд мебошад

 Дар Тоҷикистон барои тавсеаи заминаи содирот ва афзоиши муомилоти молу маҳсулот дар бахши агросаноатӣ имконияти бузург мавҷуд мебошад. Ин нуктаро 29 сентбяр...

Ширкати энергетикии «Небрас»-и Қатар барои сармоягузорӣ ба сохтмони НБО-и «Шӯроб» изҳори омодагӣ намуд

29 сентябр дар Давҳа Вазири  рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори иҷроияи ширкати энергетикии «Небрас» Халид Муҳаммад Ҷоло...

Related news

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон анҷом ёфт

30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Федеративии...

Фонди рушди Қатар омодагии худро ҷиҳати маблағгузории лоҳаҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикисстон баён намуд

 29 сентябр дар ҳошияи ҷаласаи  чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории тиҷоратӣ,  иқтисодӣ ва илмию техникӣ Вазири рушди иқтисод...

Дар Тоҷикистон барои тавсеаи заминаи содирот ва афзоиши муомилоти молу маҳсулот дар бахши агросаноатӣ имконияти бузург мавҷуд мебошад

 Дар Тоҷикистон барои тавсеаи заминаи содирот ва афзоиши муомилоти молу маҳсулот дар бахши агросаноатӣ имконияти бузург мавҷуд мебошад. Ин нуктаро 29 сентбяр...

Ширкати энергетикии «Небрас»-и Қатар барои сармоягузорӣ ба сохтмони НБО-и «Шӯроб» изҳори омодагӣ намуд

29 сентябр дар Давҳа Вазири  рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори иҷроияи ширкати энергетикии «Небрас» Халид Муҳаммад Ҷоло...