4.6 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

Зодаи Душанбе дар Тотористон донишҷӯи сол эълон гардид

Шаҳрванди тоҷик, магистранти Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии Қазон (КМТМУ) Раҳматҷон Халилов барандаи Ҷоизаи Гран-прии озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол-2022» гардид. Дар ин бора аз намояндагии «Россотрудничество» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Раҳматҷон Халилов ҷоизаи «Беҳтарин донишҷӯи сол дар Тотористон»-ро аз дасти муовини аввали раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Русия Андрей Турчак ва сардори давлати Тотористон Рустам Миннихонов гирифт. Инчунин ӯ имкон пайдо кард, ки тавассути барномаи «Алгариш» дар ҳама донишгоҳҳои ҷаҳон таҳсилашро идома диҳад.

Раҳматҷон Халилов зодаи Душанбе буда, дар мактаби рақами 20 ба номи А.Пушкин ва Литсейи рақами 1 барои кӯдакони болаёқат таҳсил кардааст.

Айни замон ӯ дар барномаи магистрии КНРТУ бо ихтисоси соҳибкории инноватсионӣ дар коркарди маводи композитӣ фаъолият дорад.

Ба гуфтаи Раҳматҷон, ӯ ният дорад, ки бо истифода аз гранти Тотористон дар дилхоҳ донишгоҳи ҷаҳон таҳсил карда, баъдан бо дониши андӯхтааш ба Тоҷикистон баргашта, ба халқу Ватан хизмати софдилона намояд.

Ёдовар мешавем, ки дар маъракаи кунунии квота 6184 номзад сабти ном шуда, 4556 нафар ба имтиҳони интихобӣ (барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот) роҳ ёфтанд. Дар маҷмӯъ, барои соли таҳсили 2022-23 ба Тоҷикистон 750 ҷои буҷетӣ ҷудо шудааст, ки  ин шумора соли гузашта аз 630 ҷой иборат буд.

Фаъолияти «Россотрудничество» ва муассисаҳои он дар хориҷа ба татбиқи сиёсати давлатии ҳамкории байналмилалии башардӯстона, мусоидат ба паҳн кардани идеяи воқеии Русияи муосир дар хориҷа нигаронида шудааст. Ҳоло «Россотрудничество» дар 81 кишвари ҷаҳон 98 намояндагӣ дорад.

АКС аз  «Россотрудничество»

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news