-3.5 C
Tajikistan
Thursday, September 28, 2023

Дар Тоҷикистон маъракаи қабули эъломияи андоз оғоз шуд

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи қабули эъломияи андоз барои соли 2021-ро оғоз кардааст. Бар асоси қонун, хизматчиёни давлатии мамлакат, ки имрӯз ҳудуди 20 ҳазор нафаранд, вазифадоранд ҳамасола то аввали моҳи апрел дар бораи даромади солона ва манбаи аслии худ ба мақомоти андоз ҳисобот диҳанд.

Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон 17 сол пеш пешниҳод намудани эъломияи даромади худро шурӯъ намуданд. Қаблан дар эъломияи вазъи амвол ба ғайр аз амволи ғайриманқул ва мошинҳо онҳо бояд саршумори чорво, паранда, пасандоз, металлу сангҳои қиматбаҳоро низ нишон медоданд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ аз 24 июли соли 2020 шаклҳои нави эъломияи даромад ва амволи хизматчиёни давлатиро қабул намуда, онҳоро вазифадор кард, ки даромад аз фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва омӯзгорӣ, даромад аз амвол ва замини ба иҷора додашуда, даромад аз қитъаи наздиҳавлигӣ, инчунин даромад аз пасандозҳои бонкӣ ва коғазҳои қиматнокро нишон диҳанд.

Барои осон намудани пешниҳоди эъломия Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон чанде пеш барномаи махсуси компютерӣ таҳия ва роҳандозӣ намуд, ки он имкон медиҳад эъломияҳо ба таври электронӣ пешниҳод шаванд.

Дар сомонаи расмии кумита andoz.tj «Ҳуҷраи шахсии андозсупоранда» мавҷуд аст, ки тартиби пешниҳоди эъломияи даромади хизматчиёни давлатии Тоҷикистонро осон мекунад. Инчунин ҳамаи шаҳрвандоне, ки дар ҳамин захираи интернетӣ сабти ном шудаанд, метавонанд аз ин манбаи иттилоотӣ тамоми маълумот ва ҳуҷҷатҳои заруриро ҷамъоварӣ ва бевосита ба Кумитаи андоз супоранд.

Дар Кумита хотиррасон намуданд, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон, тамоми хизматчиёни давлатӣ ва инчунин шаҳрвандони мамлакат, ки хизмати давлатӣ маҳсуб мешаванд, бояд ин қоидаҳоро риоя кунанд. Сабаби аз хизмати давлатӣ озод кардан ё рад кардани қабул ба хизмати давлатӣ метавонад дар эъломияи пешниҳодшуда нодурустии маълумот ё ба мақоми андоз пешниҳод нашудани эъломияи даромад бошад.

   АКСҲО: Тоҳир Саидов

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Олмон рафтанд

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ...

Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалӣ дар Қатар иштирок намуд

 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар Конференсияи 12-уми байналмилалии «Ба сӯи навсозии амали фарҳангӣ дар ҷаҳони Ислом», ки 25-26 сентябр дар шаҳри...

Ҳамкорӣ байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ тақвият меёбад

 Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов бо роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ Макс Георг...

Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши сатҳи баланд оид ба навкунии низоми омор дар Латвия иштирок дорад

26 сентябр дар шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия ҳамоиши сатҳи баланд барои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ҳамсояи шарқии Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар...

Related news