-3.3 C
Tajikistan
Friday, October 7, 2022

Дар Исфара ҷашни Сада — мужда аз оғози корҳои кишоварзиро бошукӯҳ таҷлил намуданд

«Дар замони истиқлолият иди Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар  радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид». Чунин изҳори назар намуд Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода зимни таҷлили ҷашни Сада ва намоиши техникаи кишоварзӣ, ниҳолу гулбуттаҳо, сабзавоту меваҳои шаҳдрез дар ноҳияи мазкур.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исфара хабар доданд, дар гулбоғи ба номи Сайфи Исфарангии маркази шаҳр, ки идгоҳи асосӣ буд, техникаи кишоварзӣ, ниҳолу гулбуттаҳо, сабзавоту меваҳои шаҳдрез ва тухмии зироат ба намоиш гузошта шуданд, ки ифодагари  омодагии марди деҳқон ба фасли баҳор мебошанд.

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода иброз намуд, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар мешавад.

Зикр карда шуд, ки маҳсули ҳунарҳои мардумии  ба намоиш гузошташудаи намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаву ташкилот ва муассисаҳои таълимӣ аз завқи баланд, маҳорати беназир ва таърихи бойи косибиву ҳунармандӣ дар Исфара дарак медод.

Сада иди мужда аз тайёрӣ ва пеша намудани корҳои нави кишоварзӣ маҳсуб мешавад. Тоҷикон,  ки аз қадимулайём мардуми кишоварз буда,  бо меҳнату заҳмати хеш маводи ғизоӣ ба даст меоварданд, аз ин рӯ аввалин тарғибкунандагони ин иди аҷдодӣ мебошанд.

Ин маросими ҷашнӣ ҳамеша ба шакли бо ҳам ҷамъ шудани мардуми шаҳр, маҳалла ва деҳот дар як ҷо ва бо оташафрӯзии бузургу суруру шодмонӣ баргузор мегардад.

Зимни таҷлили ҷашни Сада дар вазъияти тантанавӣ ба беҳтарин кишоварзону боғпарварон ва чорводорони шаҳру деҳоти Исфара Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Дар анҷом барномаи фарҳангии пурмӯҳтаво пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

АКС аз МИҲД н.Исфара

Latest news

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон соҳиби медали нуқра шуд

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон сазовори медали нуқра шуд. Чемпионати мазкур миёни собиқадорон 4 октябр...

Санаи баргузории бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 8-9 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд.

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик муайян шуданд

 Дирӯз дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо  оғоз мегардад.  Чемпионати  ҷаҳон оид ба...

Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия оид ба масоили ғизо густариш меёбад

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  ғизо»  Азизулло Шарипов аз Муассисаи давлатии...

Related news