-1.5 C
Tajikistan
Friday, October 7, 2022

Ба ғолиби олимпиадаи байналмилалӣ Алиҷон Усмонов 12 000 сомонӣ мукофотпулии Вазири маориф ва илм супорида шуд

 Дар озмоишгоҳи иноватсионии МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд маросими қадршиносии ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ баргузор гардид, ки дар он барои ғолибият дар 4 озмуни сатҳи ҷаҳонӣ ва гузоштани рекорди олимпиадаи «Дониш»-и шаҳри Анталияи кишвари Туркия (аз 100 холи имконпазир ба даст овардани 100 хол) ба хонандаи синфи 10 -и Литсейи мазкур Алиҷон Усмонов диплом, Ҷом ва туҳфаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода дар ҳаҷми 12 ҳазор сомонӣ ҳадя карда шуд, хабар  дод корманди Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ.

Инчунин барои иштирок ва ғолибият дар 3 озмуни сатҳи ҷаҳонӣ, гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонандаи синфи 10 Фирӯза Абдуллоева бо 9000 сомонӣ, ғолиби озмуни байналмилалӣ дар Амрико ва Фаронса хонандаи синфи 9 — и Литсей Амир Абдуллозода бо 6000 сомонӣ, хонандаи синфи 11, ғолиби олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика ва астрономия дар кишвари Амрико Меҳрангез Абдуллоева бо 5500 сомонӣ, ғолиби олимпиада аз фанни математика дар кишвари Таиланд Ясмина Аҳророва, хонандаи синфи 9 бо 5500 сомонӣ, ғолиби олимпиада аз фанни математика ва забони англисӣ дар кишвари Таиланд, хонандаи синфи 9 Фарина Маъсумова бо 5000 сомонӣ қадршиносӣ гардиданд.

Ҳамчунин дар идомаи маросим аз ҷониби маъмурияти Литсей ба ғолибони олимпиадаҳои байналмиллалии фаннӣ, аз ҷумла хонандаи синфи 9 Сафархон Ҳасанов, хонандаи синфи 10 Аҳмад Маъруфов, хонандаи синфи 9 Имдод Каҳҳоров, хонандаи синфи 9 Амир Султонов, хонандаи синфи 10 Абубакр Комилов, хонандаи синфи 7 Шукрулло Нарзуллоев ва хонандаи синфи 10 Аслан Насратшоев Ифтихорнома, медал ва ҷоиза дар ҳаҷми аз 900 то 500 сомонӣ супорида шуд.

Директори муассиса Сурайё Негматова аз дастовардҳои хонандагони Литсей дар 5 моҳи соли хониши 2021-2022 ёдовар шуда, зикр намуд, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои  миллат ва дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагони Литсей тавонистанд дар муддати кӯтоҳ дар 8 озмуни сатҳи ҷаҳонӣ дар кишварҳои Амрико, Туркия, Таиланд, Чин, Федератсияи Русия, Бразилия, Англия ва Фаронса иштирок намуда, 173 медал ба даст оваранд.

Ба даст овардани гранти омӯзишӣ дар ҳаҷми 220 ҳазор доллари амрикоӣ ҷиҳати таҳсил дар донишгоҳи бонуфузи Донишгоҳи Амрикои Шимолӣ дар Штатҳои Муттаҳидаи Амрико аз ҷониби хонандагони Литсей, ғолибият ва ба даст овардани Ҷом аз фанни физика дар олимпиадаи 2-юми фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ таҳти унвони Коперникус дар шаҳри Техаси кишвари Амрико, ба даст овардани 2 Ҷом аз фанни забони англисӣ ва география дар олимпиадаи «Дониш»- шаҳри Анталияи кишвари Туркия, ки ин озмунҳо тариқи иштироки бевоситаи хонандагони Литсей сурат гирифт, аз дастовардҳои назаррас мебошанд.

Ҳамчунин  зикр карда шуд, ки дар доираи  «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2020 -2040 бунёди синфхонаи инноватсионӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ, аз ҷумла харидории комютер ва васли интернети босуръат ба онҳо ҷиҳати иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фосилавӣ барои пешрафти кор мусоидат намуд.

Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат бобати омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ таъкид намуда, дастурҳои зарурӣ  доданд ва маъмурияти Литсей низ баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар муассиса маҳфилҳои доимоамалкунандаи омӯзиши забони англисӣ, чинӣ, русӣ, олмонӣ ва фаронсавиро тариқи ройгон ба роҳ мондааст, ки ҳамарӯза хонандагон баъди дарси асосӣ ба омӯхтани ин забонҳо машғуланд.

Дар хатми ҷаласа аз ҷониби роҳбарият ба гурӯҳи олимпичиёни Литсей ҷиҳати омодагии ҷиддӣ ба 7 олимпиадаи дигар, ки рӯзҳои наздик дар кишварҳои Англия, Фаронса, Олмон, Мексика, Италия, Русия ва Ҳиндустон баргузор мегарданд, машваратҳо дода шуданд.

АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд

Latest news

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон соҳиби медали нуқра шуд

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон сазовори медали нуқра шуд. Чемпионати мазкур миёни собиқадорон 4 октябр...

Санаи баргузории бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 8-9 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд.

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик муайян шуданд

 Дирӯз дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо  оғоз мегардад.  Чемпионати  ҷаҳон оид ба...

Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия оид ба масоили ғизо густариш меёбад

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  ғизо»  Азизулло Шарипов аз Муассисаи давлатии...

Related news