2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

«Sputnik»: Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват намуданд, то барои ҳифзи марз бо Афғонистон муттаҳид шаванд

Ҳифзи сарҳад бо Афғонистон ҳамкории густурдаи кишварҳои тамоми минтақаро тақозо менамояд. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи суханронии худ дар нишасти роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар сиғаи видеоконфронс доир гардид, изҳори назар намуданд, менависад Агентии иттилоотии Русия «Sputnik».

Ба гуфтаи Сарвари давлат, мушкили Афғонистон ҳамоно тезу тунд боқӣ мемонад.

«Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон аст. Даъвати Созмони Милали Муттаҳидро ҷиҳати расонидани кумакҳои башарӣ ба мардуми Афғонистон ҷонибдорӣ менамоем ва то ҳадди имкон ба мардуми Афғонистон кумакҳои башарӣ мерасонем»,-гуфтанд Пешвои миллат.

Сарвари Тоҷикистон афзуданд, ки фаъол шудани гурӯҳҳои террористиву ифротӣ дар қаламрави кишвари ҳамсоя нигаронкунанда мебошад.

«Дар ин замина мо барои таҳкими ҳифзи сарҳад бо Афғонистон тадбирҳои иловагӣ меандешем. Мо ҷонибдори таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ миёни мақомоти дахлдорамон ҳастем»,-иброз доштанд Эмомалӣ Раҳмон.

Қаблан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори таъсиси «камарбанди амниятӣ» дар атрофи Афғонистон шуда буданд, зеро дар ин кишвар амалиёти ҷангҷӯёни ДОИШ* шиддат мегирад.

Котиби генералии СААД Станислав Зас гуфт, ки ин созмон Тоҷикистонро аз таҳдидҳои аз Афғонистон бароянда  ҳифз хоҳад кард.

Ҳамчунин оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон Президенти Русия Владимир Путин низ сухан гуфт.

Сарвари Русия иброз дошт, ки Москва ва Душанбе ба таври густурда ҳамкориро дар сами амниятӣ рушд медиҳанд ва Русия барои мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ кӯшиш менамояд.

__________________

*Ташкилоти террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия.

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news