4.6 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

ЧЕМПИОНАТИ ФУТЗАЛИ CAFA-2022. Дастаи занонаи Тоҷикистон барои медали биринҷӣ сабқат менамояд

Даври чоруми чемпионати футзали Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби занона ба анҷом расид. Дар ин мусобиқот довталабони аслии медали тилло- дастаҳои Эрон ва Узбекистон пирӯзии навбатӣ ба даст оварданд. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври чорум аз дастаи Узбекистон бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд. Бо ҳамин натиҷа дастаи Эрон бар футзалбозони Қирғизистон пирӯз шуданд.

Дастаи мунтахаби Эрон, ки пайи ҳам чаҳор пирӯзӣ ба даст овардааст, бо дувоздаҳ имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад ва дастаи миллии Узбекистон 9 имтиёз дорад. Дастаҳои Тоҷикистону Қирғизистон якимтиёзӣ доранд.

То анҷоми чемпионати CAFA-2022 ду бозии дигар боқӣ мондааст. Аллакай дар даври баъдӣ пешсафони ин мусобиқот дастаҳои Эрон ва Узбекистон бо ҳам вомехӯранд, ки дар он аввалин қаҳрамони Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ дар футзал миёни дастаҳои мунтахаби занона муайян хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки аввалин чемпионати CAFA Futsal Championship миёни дастаҳои занона дар шаҳри Душанбе бо системаи даврӣ дар ду давр баргузор шуда, ҳар даста шаш бозӣ анҷом медиҳад. Дар маҷмӯъ, дар доираи мусобиқа дувоздаҳ бозӣ баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 5-ум

27 январ (панҷшанбе)

15:00 – Эрон – Узбекистон

18:00 – Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 6-ум

28 январ (ҷумъа)

15:00 – Узбекистон – Қирғизистон

18:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон

АКС аз ФФТ

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news