-5.9 C
Tajikistan
Wednesday, March 26, 2025

ТАСС: Президенти Тоҷикистон изҳор намуданд, ки нишастҳои сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин бояд мунтазам баргузор шаванд

Мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин бояд мунтазам баргузор шавад. Дар ин бора дирӯз, 25 январ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори назар намуданд, менависад ТАСС.

«Мо ба ҳамкории минбаъда дар доираи механизми Осиёи Марказӣ ва Чин аҳамияти хосса медиҳем. Мо ин сиғаро механизми муҳими рушди ҳамкории минтақавӣ мешуморем. Мо матни изҳороти якҷояро, ки дар натиҷаи маҷлиси имрӯзаи мо қабул шудааст, тарафдорӣ мекунем. Пешниҳод мекунам, ки анъанаи вохӯриҳои навбатии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин ҷорӣ карда шавад», — иброз доштанд Сарвари Тоҷикистон дар нишасти онлайнии сарони кишварҳои минтақа ва Чин.

Эмомалӣ Раҳмон ҳавасмандии Душанберо ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории минтақавӣ, аз ҷумла баргузории ҳамоиши сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар соли 2022 таъйид намуданд.

Президенти Тоҷикистон ба зарурати таҷдиди роҳҳое, ки Тоҷикистонро бо Чин мепайванданд ва аз нав ба роҳ мондани  ҳаракати ҳавоӣ миёни кишварҳо ишора намуданд. Ба зикри Президенти Тоҷикистон, Душанбе ба ташкили истеҳсоли муштараки маҳсулоти тиббӣ ва доруворӣ бо Пекин ва интиқоли маҳсулоти кишоварзии худ ба Чин манфиатдор аст.

«Мо ҷонибдори ҳамкории фаъол дар пешбурди энергияи сабз дар чаҳорчӯби ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ» ҳамчун заминаи калидии рушди иқтисоди сабз ҳастем», — афзуданд Президенти Тоҷикистон.

АКС аз манбаъҳои боз

Latest news

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум иштирок намуданд

19 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум иштирок...

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОР аз 18 марти соли 2025 №177ш. Душанбе Дар бораи аз вазифаи муовини вазири...

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи озод намудани судяҳо Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

18 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ таъиншударо барои суҳбат...

Related news