5 C
Tajikistan
Monday, May 29, 2023

Соли 2021 ба фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 40 ҳазор китобҳои тозанашр ворид шуданд

Дар соли  2021 ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 23 ҳазор нафар аъзо гардида, беш аз 259 ҳазор нафар барои дастрас намудани китобу иттилоот ворид шуда, зиёда аз 40 ҳазор китобҳои тозанашр ба фонди муассиса қабул карда гардиданд, ки яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин ба ҳисоб меравад. Фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистонро 3 миллиону 300 ҳазор адад китоб ва дигар маводи чопию иттилоотӣ ташкил медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки таваҷҷуҳи ҳукумати мамлакат ба соҳаи китобу китобдорӣ сол аз сол беҳтар гардида, дар ин давра аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба китобхонӣ тадбирҳои зиёд андешида шуданд. Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ҳамин ҷумла мебошад.

Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов иброз дошт, ки Китобхонаи миллӣ дар соли таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ фаъолияти худро бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намуд.

Соли 2021 аз ҷониби Китобхонаи миллии Тоҷикистон  “Донишномаи матбуоти даврии тоҷик”, дастури библиографии “Лоиқ Шералӣ: маҷмӯаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ”, китоби “Библиографияи забоншиносӣ”, “Ормони миллат: Роғун – бузургтарин сарбанди асри нав”, маҷмӯаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолии Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, маҷмӯаи мақолаҳои “Тоҷнома: суботи сиёсӣ-фарҳангӣ ва ваҳдати миллӣ” ба нашр расида, дастраси хонандагон гардонида шуданд.

Ба иттилои Гадобек Маҳмудов, дар соли сипаришуда 127 барномаи илмӣ-оммавӣ ва конфронсу вохӯриҳо доир карда шуданд. Новобаста ба паҳншавии бемории коронавирус дар ҷаҳон таваҷҷуҳи сайёҳон ба китобхона кам нагашта, соли сипаришуда зиёда аз 700 нафар меҳмонони дохилу хориҷи мамлакат аз осорхонаву марказҳои фарҳангии он дидан кардаанд, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба соли 2020 зиёд мебошанд.

Қабули «Барномаи рушди китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйдодҳои муҳим ба ҳисоб меравад, ки умедвориҳои масъулинро дар самти рушди фаъолияти техникӣ–инноватсионии китобхона боз ҳам бештар кардааст.

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news