2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

Муассисаҳои тиббии Тоҷикистон барои гузаштан ба системаи электронӣ бо таҷҳизоти компютерӣ муҷаҳҳаз шуданд

Бо мақсади муҷаҳҳаз гардонидани заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи таҷҳизоти компютерӣ барои татбиқи маблағгузории сарикасӣ, аз ҷумла 70 адад ноутбук, 2 адад компютер (моноблок), 67 адад принтер, 65 модем ва 1 адад дастгоҳи нусхабардорӣ харидорӣ шуда, ба дастгоҳи марказии вазорат, раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ, муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар дастрас шуданд, хабар доданд аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Ин номгӯй таҷҳизот ба беҳтар гардонидани сифати хизматрасонӣ ва сари вақт ҷорӣ намудани механизми маблағгузории сарикасӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат мекунад.

Ин иқдом дар доираи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъалаҳои ҷорӣ намудани маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ» амалӣ гардида, имкон медиҳад муассисаҳои тиббии кишвар ҳарчӣ бештар аз системаи ҳисоботии коғазӣ, ки вақту қувваи бештари кориро талаб мекунад, канорагирӣ намуда, ба системаи электронӣ ворид гарданд.

Дар доираи чорабиниҳо оид ба таҷдиду рушди соҳаи тандурустӣ татбиқи механизми ворид намудани маблағгузории сарикасӣ дар ҷумҳурӣ яке аз ҳадафҳои асосӣ ба шумор меравад. Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дастгирӣ меёбад, дар ин самт корҳои назаррасе ба анҷом расонидааст.

АКСҲО: Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи  иҷтимоӣ

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news